ХАБАРИ ФАВРӢ! Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 47 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ва 1 мавриди фавт ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 10.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 47 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ва 1 мавриди фавти гирифторони он ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, дар муддати аз 30 апрел то 10 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6457 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 5115 нафар ё худ 79,2%-и гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар муддати зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 55 нафар фавтидаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамчунин хабар медиҳад, ки давоми шабонарӯзи охир 208 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 48 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.
АКС аз манобеи боз