«IRS»: дар мавсими имсола барои таъмири роҳи Душанбе – Чаноқ беш аз 30 ҳазор тонна асфалт харҷ мегардад
ДУШАНБЕ, 07.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (IRS) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба меъёрҳои байналхалқӣ мутобиқ гардонидани роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ корҳои таъмиру навсозиро тақвият бахшида, дар мавсими имсола барои мумфарш намудани он зиёда аз 30 ҳазор тонна асфалт харҷ менамояд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло хабар дод.
«Роҳбарияти ширкат нақша дорад, ки ҳар чӣ зудтар барои аҳолии шафати роҳ системаи гузариши имтиёзнокро муайян ва ҷорӣ намояд. Аллакай системаи гуногуни имтиёзҳо барои аҳолии шафати роҳ таҳия гардид, ки маблағи ниҳоӣ ба 50 фоиз аз нархномаи муқарраргардида баробар мебошад», — афзуд Д. Абдулло.
Ҳамчунин ширкати мазкур аз баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва фароҳам намудани шароити бароҳати гузариш аз плазаҳои толлингӣ иборат мебошад. Барои сарфа кардани вақт хатҳои иловагии гузариш сохта, ба истифода дода шуданд, ки дар муддати кутоҳ бо таҷҳизоти зарурии электронӣ ва таъминоти барномавӣ муҷаҳҳаз гардиданд. Механизми пардохти маблағи гузариш бо ёрии кортҳои толлингии электронӣ ба роҳ монда шудааст. Суръати хизматрасонии мизоҷе, ки аз кортҳои толлингии электронӣ истифода мебарад, назар ба ашхоси ба таври нақдӣ пардохткунанда ду маротиба фавритар мебошад.
Фаъолияти ширкати мазкур тақозои замон буда, маҳз ба шарофати пурмаҳсули кормандони он роҳи Душанбе – Чаноқ дар ҳолати хуб қарор дошта, рафтуомади шаҳрвандон аз тариқи он дар ҳама фасли сол таъмин мебошад.
Дар ширкати мазкур зиёда аз 800 нафар фаъолият намуда, дар ҳолати корношоям ё ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки роҳи Душанбе – Чаноқ қисматҳои ҷанубу шимоли Тоҷикистонро ба ҳам пайванд шуда, яке аз қисматҳои асосии Роҳи бузурги абрешим мебошад.









Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд






