НИШАСТИ МАТБУОТӢ: Пандемияи COVID-19 ба бозори сайёҳии ҷаҳон зарбаи сангин задааст
ДУШАНБЕ, 24.07.2020 /АМИТ«Ховар»/. Пандемияи сирояти COVID-19 ба бахши сайёҳии ҷаҳон зарбаи сангин задааст. Тибқи омори Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ хисороте, ки аз таъсири пандемияи COVID-19 ба бозори сайёҳии ҷаҳон расидааст, 80 миллиард доллари амрикоӣ арзёбӣ мегардад. Соҳаи сайёҳии Тоҷикистон низ чун дигар давлатҳои ҷаҳон дар давраи пандемия шароити мушкилро паси сар менамояд ва ниҳоди сайёҳии Тоҷикистон беш аз 40 фоиз коҳиш ёфтани ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба мамлакатро дар шаш моҳи соли равон хабар медиҳад.
Муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода имрӯз дар Душанбе дар ҷамъи намояндагони расонаҳои хабарии дохилӣ ва хориҷӣ гуфт, ки дар шаш моҳи соли равон ба Тоҷикистон 341,7 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ташриф овардаанд, ки аз ин омор 306,8 ҳазор нафарашон сайёҳ арзёбӣ мегарданд. Ин нишондиҳанда мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 243,4 ҳазор ё ин ки 44,2 фоиз кам шудааст, яъне соли сипаришуда шумораи мазкур 550, 2 ҳазор нафарро ташкил медод. Сайёҳони хориҷӣ, ки соли равон ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, асосан шаҳрвнадони давлатҳои Россия, Амрико, Чин, Туркия, Афғонистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва соири кишварҳо мебошанд.
Ҳабибулло Амирбекзода афзуд, ки новобаста аз таъсири пандемияи COVID-19 Кумита ҳамкориро бо давлатҳои хориҷи дуру наздик ҷиҳати таҳия ва мувофиқаи лоиҳаи созишномаҳои ҳамкорӣ ва ёддоштҳои тафоҳум оғоз бахшида, онро идома дода истодааст. Аз ибтидои таъсиси Кумита то имрӯз созишномаҳои ҳамкорӣ ва ёддоштҳои тафоҳум бо 7 давлати дунё, аз қабили Қазоқистон, Ӯзбекистон, Россия, Кувайт, Урдун, Швейтсария ва Франсия ба имзо расида, ҳамкории дуҷониба бо кишварҳои зикргардида идома дорад. Инчунин 54 ширкати сайёҳии ватанӣ бо 36 ширкати сайёҳии хориҷӣ қарордодҳои ҳамкорӣ ба тасвиб расонидаанд.
Зикр шуд, ки дар ин давра дар ҷумҳурӣ 188 меҳмонхона, 26 хостел ва мотел, 45 осоишгоҳ, 8 марказҳои мулоиҷавӣ ва дармонгоҳҳои солимгардонӣ, 10 хонаҳои истироҳатӣ, 1 ададӣ пансионат ва кемпинг ва 4 базаи сайёҳию истироҳатӣ фаъолият намуда, беш аз 200 ширкати туристӣ дар бозори сайёҳии мамлакат фаъолият менамоянд.








Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд
Масоили табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар озмоишгоҳҳои Институти байтории Италия баррасӣ гардид
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд






