ПАНДЕМИЯ АФЗОИШ МЕЁБАД. Давоми шабонарӯзи охир дар ҷаҳон шумораи гирифторони коронавирус беш аз 276 ҳазор нафар зиёд шуд

Июль 24, 2020 10:47

ДУШАНБЕ, 24.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳон шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавируси нав меафзояд. Давоми як шабонарӯзи охир ин ташхис дар зиёда аз 276 ҳазор бемор тасдиқ гардида, аз оғози пандемия то имрӯз беш аз 15,6 миллион нафар сокинони сайёра сироят ёфтаанд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, инро маълумоти 24 июл интишоркардаи Созмони умумиҷаҳонии танудурустӣ (СУТ) тасдиқ мекунад.

Ба ҳолати соати 09:00-и 24 июл (ба вақти Душанбе) дар ҷаҳон 15 654 428 ҳолати сироятёбӣ ва 636 475 фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар давоми шаборӯзи гузашта ҳолатҳои сироятёбӣ ва фавт мутаносибан 276 000 ва 6 309 нафар зиёд гардиданд.

Минтақаи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ аз рӯи миқдори мубталоён дар ҷойи аввал буда, дар он 7 948 513 7 (+137 386 дар як шабонарӯз) сироят ёфтаанд. Шумораи ҳолатҳои фавт дар он 4 153 нафар зиёд шуда, ба 317 962 нафар расидааст. Дар Аврупо 3 147 860 сироятёфта ва 208 970 фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар муддати 24 соат шумораи мубталоён 22 909 ва фавт — 501 ҳолат афзудааст.

Аз рӯи шумораи сироятёфтагон Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар ҷойи сеюм қарор дошта, дар он ҷо шумораи мубталоён 1 571 317 ва қурбониён 37 203 мубошад. Давоми шабонарӯзи гузашта мубталоён 50 537 нафар зиёд шуда, 1 312 нафар фавтидаанд.

Шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ дар ИМА ба қайд гирифта шудааст — 4 169 991. Баъдан Бразилия (2 289 951), Ҳиндустон (1 288 130), Россия (795 038), Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (408 052), Перу (371 096), Мексика (370 712), Чили (338 759), Испания (317 246) ва Британияи Кабир (297 146) ҷойгиранд.

 

АКС аз манобеи боз

Июль 24, 2020 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон