ПАСТ НАМУДАНИ САТҲИ ФАВТИ МОДАРУ КӮДАК – ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ. Дар ҳошияи нишасти матбуотии роҳбарияти ноҳияи Файзобод
ФАЙЗОБОД, 21.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар нишасти матбуотии роҳбарияти ноҳияи Файзобод хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз масъулини соҳаи тандурустӣ сабабҳои муваққатан аз фаъолият бознадоштани ҳуҷраҳои таваллудхонаи ноҳияро, ки ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нестанд, фавти 3 модар дар соли 2018 ва марги як модари ҷавон — Фарида Шариповаро аз 16 июли соли 2020, ки аз ӯ се кӯдаки ноболиғ ятим монд, пурсон шуд.
Раиси ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода зимни нишасти матбуотӣ марги ин модари ҷавонро дар ҳафтаи гузашта тасдиқ намуда, гуфт, ки «ман супориш додам сабаби марги ӯро дақиқ менамоянд». Инчунин раиси ноҳия нисбат ба омори фавти модарон дар соли 2018 изҳори ташвиш карда, гуфт, ки ин шумора баробари омори фавти модарон дар як вилоят аст. Мавсуф норозигии хешро аз фаъолияти кормандони таваллудхонаи ноҳия баён намуд.
Мутаассифона, сардухтури ноҳия, менеҷери КАТС ва роҳбари Маркази ташхиси санитарию эпидемиологии ноҳия бо сабабҳои номаълум зимни нишасти матбуотӣ ба саволҳои хабарнигор ҷавоб нагуфтанд.
Дар асоси гуфтаҳои пайвандон сокини ҷамоати шаҳраки Файзобод Фарида Шарипова соати ҳафти субҳи 16 июли имсол дар ҳолати хуб барои таваллуд ба шуъбаи таваллудхонаи ноҳия ворид шуд. Вале бо сабабҳои номаълум зимни навбатдории духтури гинеколог Шарқия Мирзоева то соати ҳашти субҳ таваллуд накарда, вафот кардааст.
Тибқи маълумоти омории соҳаи тандурустии ноҳияи Файзобод, Баргигул Акрамова соли 2018 ба ҳайси мудири шуъбаи таваллудхонаи ноҳия фаъолият мекард. Лекин пас аз фавти се модару ятим мондани кӯдакони ноболиғи зиёд бо супориши роҳбарияти ноҳия аз вазифаи мудири шуъбаи таваллудхона озод гардид. Вале охири соли 2019 ба воситаи шавҳараш, ки айни замон менеҷери КАТС-и ноҳия мебошад, ба вазифаи мудири шуъбаи таваллудхона баргашт. Дар натиҷаи беаҳамиятию бетаҷрибагии табибон ва ноиттифоқии момодояҳои таваллудхона боз фавти модарону тифлон ва ятим мондани кӯдакон шурӯъ шуд.
Имрӯзҳо модарони ноҳия барои солимии фарзандонашон таваллуди хонагиро беҳтар медонанд. Чунки дар ин муддат овозаҳои фавти модарон ва хунукназарию бетаҷрибагии момодояҳои таваллудхона ва маркази саломатии ноҳия нисбат ба беморону мансабталошии онҳо модарони ноҳияро озурда кардааст. Аз ин хотир Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки нисбат ба ин ҳодисаҳо сари вакт чораҷӯйӣ намуда, амнияти саломатии занони қобили таваллуди ноҳияро таъмин намояд.
Ин дар ҳолест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2018 зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил баён доштанд, ки «ҳадафи стратегии давлату Ҳукумат дар соҳаи тандурустӣ бо роҳи ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим таъмин намудани солимии аҳолӣ, беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои дарозумрии инсон, паст намудани сатҳи беморӣ, маъюбӣ, фавти модару кӯдак, пешгирӣ кардани бемориҳои гуногуни сироятӣ, баланд бардоштани сифати кумаки тиббиву санитарӣ, назорати бехатарии маводи доруворӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа мебошад. Ба хотири расидан ба ин ҳадаф мо, пеш аз ҳама, бояд заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти тиббиро таҳким бахшем».
Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли равон ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони гурӯҳҳои корӣ вазифадор карда шудаанд, ки то соли 2021 якҷо бо соҳибкорон бунёд ва таъмиру навсозии муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла марказу бунгоҳҳои саломатӣ ва таваллудхонаҳоро вусъат дода, аз натиҷаи корҳо ҳар шаш моҳ гузориш пешниҳод созанд.
Сарвари давлат зимни ин суханронӣ зикр намуданд, ки “имрӯз дар кишвар сатҳи фавти модару кӯдак то андозае коҳиш ёфтааст. Аз рӯи маълумоти оморӣ, фавти модарон 24,1 нафар ба 100 000 зиндатаваллуд ва фавти кӯдакони то панҷсола 21 нафар ба 1000 зиндатаваллудро ташкил медиҳад. Вале ҳамин нишондиҳанда низ моро водор месозад, ки ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешем».
Ба таъкиди Пешвои миллат, бо вуҷуди пешравиҳои зикршуда, дар фаъолияти як зумра муассисаҳои соҳа мушкилоте ба назар мерасанд, ки ҳалли онҳо аз роҳбарону масъулони соҳа ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста мебошад.
Масалан, қисме аз муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла беморхонаҳо ва дармонгоҳҳо таъмирталаб буда, дар баъзеи онҳо таҷҳизоти муосир намерасанд, ки ин метавонад сабаби сари вақт нарасонидани кумаки тиббӣ ва фавт гардад.








Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд






