«ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАФАККУРИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон дар нашриёти «Аврангпринт» китоби нав ба табъ расид

Июль 15, 2020 11:19

ДУШАНБЕ, 15.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Пешвои миллат ва тафаккури миллӣ» — таҳти ин унвон дар нашриёти «Аврангпринт» бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Мастчоҳ ва рӯзномаи «Нигоҳи халқ» ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоб дар ҳаҷми 108 саҳифа ва бо теъдоди 100 нусха ба табъ расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба рӯзномаи «Нигоҳи халқ» хабар медиҳад.

«Пешвои миллат ва тафаккури миллӣ» маҷмӯаи мақолаҳои олимони ҷавон номзади илмҳои филологӣ Шариф Шарипов, номзади илмҳои кишоварзӣ Абдуаҳад Шарипов ва номзади илмҳои филологӣ Маҳина Калонова буда, дар он муҳимтарин масоили марбут ба нақши беназиру пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории миллӣ, аз ҷумла омилҳои эътимоди Пешвои миллат ба ҷавонон дар рушди ҷомеа ва идоракунии давлатӣ, Пешвои миллат ва рушди забони тоҷикӣ, нақши асари «Чеҳраҳои мондагор» дар ташаккули фарҳанги худшиносии ҷавонон, таҷассуми симои Пешвои миллат ҳамчун таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ дар эҷодиёти адибони ҷавон, хусусиятҳои хоси суханрониҳои Пешвои миллат дар созмонҳои байналмилалӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд.

Раиси ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азиззода дар пешгуфтори худ таълифу чопи китоби мазкурро далели ҳамеша дар атрофи сиёсати оқилонаву ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид будани ҷавонмардони мастчоҳӣ дониста, менигорад, ки рисолаи мазкур навъи ҷавобнома ба пиндорҳои ғаразноки гурӯҳе аз нотавонбинонест, ки бо ҳар роҳу баҳона ва ҳар шаклу тарона дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба интиқоди беасоси сиёсати давлатӣ пардохта, комёбиҳои бузурги давлати ҷавони моро нодида мегиранд.

Муҳаррири китоб раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Дилшод Зокиров, мусаҳҳеҳи он Муродулло Почозода ва саҳифабанд Муҳаммадалӣ Сафаров мебошанд.

 

 

АКС аз рӯзномаи «Нигоҳи Халқ»

Июль 15, 2020 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд