«Сомон Эйр» 9 ва 10 июл ба Дубай ва Минск парвозҳои махсус анҷом медиҳад

Июль 7, 2020 14:45

ДУШАНБЕ, 07.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҳвили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Амороти Муттаҳидаи Араб 9 июли соли равон  дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе парвози махсус анҷом дода мешавад. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши парвоз ба ватанро доранд, барои сабти ном бояд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АМА муроҷиат намоянд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ҳамзамон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки азми сафар ба қаламрави Амороти Муттаҳидаи Арабро доранд, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаи вуруд (раводиди корӣ, ҷавоби мусбати барномаи электронии Permit ва ID-корти Emirates), инчунин маълумотномаи гирифтор набудан ба COVID-19, ки на бештар аз 72 соат пеш аз парвоз дода шудааст, имкон доранд аз Душанбе ба Дубай парвоз намоянд. Шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ки асноди зарурӣ барои воридшавӣ ва иҷозаи убури транизитиро тавассути қаламрави АМА доранд, ҳамчунин ба Дубай интиқол дода мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе 18:00 ва аз Дубай 21:45 ба вақти маҳаллӣ мебошад.

Инчунин, 10 июл бо мақсади таҳвили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳуриҳои Беларус ва Украина дар масири Душанбе-Минск-Душанбе парвози махсус (чартерӣ) сурат мегирад. Шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ки асноди заруриро барои воридшавӣ ва иҷозаи убури транизитиро тавассути қаламрави Ҷумҳурии Беларус доранд, имкони парвоз аз Душанбе ба Минскро хоҳанд дошт. Вақти парвоз аз Душанбе  07:00 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Барои парвоз аз Минск ба Душанбе шаҳрвандони хоҳишманди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ҷиҳати бақайдгирӣ ба намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Беларус ва Украина муроҷиат намоянд

Шаҳрвандон метавонанд барои хариди чипта ва гирифтани маълумоти иловагӣ ба марказӣ маълумотдиҳии ширкат — 44 640 40 49, 44 640 40 50, call-center@somonair.com муроҷиат намоянд.

 

Июль 7, 2020 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид