СУРАТ-ДАЛЕЛ. Имтиҳоноти дохилшавӣ: 98840 нафар довталаб
ДУШАНБЕ, 07.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 7 июл дар 48 маркази имтиҳоние, ки тибқи рӯйхати тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ташкил карда шудаанд, даври асосии имтиҳонҳо баргузор гардид.
Имсол шумораи умумии довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшуда 98840 нафарро ташкил дод.
Тавре ки маълум аст, аз соли 2019 қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) низ тавассути ИМД ба роҳ монда шуд. Шумораи довталабони дорои таҳсилоти умумии асосии дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшуда дар соли ҷорӣ ба 10033 нафар баробар аст.
Имрӯз, 7 июл, довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) имтиҳон месупоранд.
Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) 19 июл ба нақша гирифта шудааст.

АКСҲО аз манобеи боз








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






