Волонтёрон барои роҳбаладӣ ба сайёҳон омода мешаванд
ДУШАНБЕ, 27.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Роҳбаладии сайёҳӣ, имкониятҳои сайёҳӣ ва истифодаи захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Тавре корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфулло Ализода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, семинари мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ шуда, мақсад аз он омода намудани волонтёрон дар самти роҳбаладӣ мебошад.
Муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода иброз дошт, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуда, рушди соҳаи сайёҳӣ дар чанд соли охир бесобиқа унвон мешавад.
Муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода доир ба «Роҳбаладии сайёҳӣ, имкониятҳои сайёҳӣ ва истифодаи захираҳои сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан гуфта, зикр намуд, ки соҳаи сайёҳӣ рӯз аз рӯз дар ҳоли рушд буда, танҳо дар шашмоҳи аввали соли 2020 46 адад хатсайри нави сайёҳӣ таъсис дода шуданд.
Дар ҳамоиш 40 нафар аъзои маҳфили «Роҳбалад» иштирок намуда, минбаъд низ бо иштироки коршиносони соҳа баргузории чунин давраҳои омӯзишӣ барои волонтёрони роҳбалад дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки маҳфили «Роҳбаладон» соли равон дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омода намудани ҷавонони роҳбалад дар самти сайёҳӣ, тиббӣ, бостоншиносӣ ва кишваршиносӣ таъсис дода шудааст. Аъзои маҳфил донандаи хуби забонҳои хориҷӣ ва таъриху тамаддуни миллати тоҷик мебошанд.








Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст






