ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара 27 иншооти таъйиноти гуногун бунёду навсозӣ мегарданд

Август 24, 2020 10:01

ДУШАНБЕ, 24.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара бунёду навсозии 27 иншооти таъйиноти гуногун бо тарҳи муосир ва барои хоҷагии халқи деҳот муҳим бунёду навсозӣ мегарданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар деҳоти Сангтӯда бо мақсади беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва ҳавасмандии кормандони соҳа аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва Бонки ҷаҳонӣ сохтмони ду бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои Навобод ва Нурофар бо сифати баланд ба анҷом расид. Қаблан дар марказҳои саломатии деҳаҳо ҳамагӣ ду-се корманди тиб фаъолият доштанд, баъди бунёди бинои нав шумораи табибону ҳамшираҳои шафқат ба 10-12 нафар расид.

Ҳамчунин бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ корҳои сохтмонии чойхона, коргоҳи дӯзандагӣ, филиали Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк», марказҳои хизматрасонӣ, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бомаром идома доранд. Иншооти ҷашнӣ то соли 2021 марҳила ба марҳила мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, симои зоҳирии деҳот ва зиндагии сокинонро дигаргун менамоянд.

Сокинони  деҳоти Сангтӯда дар баробари бунёди иншоот барои беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ  ва таъмини бозори дохилӣ бо меваҳои хушсифат давоми ду соли охир беш аз 11 гектар боғи нав намудаанд.

Август 24, 2020 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд