ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. ҶДММ «Панҷрӯд- 5» 6 корхонаи истеҳсоли тирезаҳои пластикӣ бунёд мекунад
ДУШАНБЕ, 28.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти корхонаи парандапарварии ҶДММ «Панҷрӯд-5»-и ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки 6 корхонаи истеҳсоли тирезаҳои пластикӣ, 8 корхонаи истеҳсоли хишти сементӣ ва сафолакҳои ороишӣ ба истифода диҳад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ иттилоъ медиҳад.
Имрӯзҳо дар ноҳияи Панҷ ба шарафи ин ҷашни миллӣ бунёди 210 иншоот ба маблағи зиёда аз 96,4 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, 130 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Бештари иншооти ҷашнӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Аз ҷумла, то имрӯз аз ҷониби онҳо коллеҷи тиббӣ ва корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар шаҳраки Панҷ, бунгоҳи тиббӣ ва корхонаи истеҳсоли макарон дар деҳоти Сайфиддин Кабут, синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия ва амсоли инҳо сохта шудаанд.
Ба хотири ба шаҳр наздик сохтани симои деҳот ва таъмини инфрасохтори зарурӣ дар ҳудуди ҳамаи ҷамоату деҳоти ноҳия аз ҳисоби аҳолӣ ва соҳибкорон сангфаршкунию таъмири роҳҳо, таъмиру сохтмони пулҳои мошингузар ва ҷароғонкунии кӯчаҳои маҳал, дар маҷмӯъ ба маблағи 1 миллиону 451,9 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шудааст.
Масъулини ноҳия баҳри иҷрои ҳадафи чоруми мамлакат- саноатикунонии босуръат тадбирҳои судманд андешида, дар ин самт якчанд корхонаҳои саноатӣ бунёд ва навсозӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар шаш моҳи имсол дар ноҳияи Панҷ ба соҳаи сохтмон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 9 млн 100,1 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ гардида, ҳамаи он аз ҳисоби маблағҳои хусусӣ мебошад. Дар ин давра 9578 метри мураббаъ манзилҳои шахсии истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3166 метри мураббаъ зиёд мебошад.








Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






