Ҷаласаи Комиссияи байниидорвии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат баргузор гардид

Август 31, 2020 18:35

ДУШАНБЕ, 31.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, хабабр медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласаи мазкур Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода ва аъзои Комиссия-муовинони роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ  иштирок доштанд.

Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016, №506 «Дар бораи Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2017-2020» дар вилояти Хатлон, фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар самти бурдани корҳои  иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни  муҳоҷирони меҳнатӣ ва омодасозии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, иҷрои  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015, №107 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба  татбиқи  Консепсия дар бораи  ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушти кишвр барои солҳои 2015-2020”,  вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасдиқи  Нақшаи кории Комиссияи  байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 мавридибаррасӣ қарор гирифтанд.

Тибқи масъалаи якуми рӯзнома гузориши Раҷабов Р. –муовини Раиси вилояти Хатлон оид ба иҷрои Нақшаи кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шунида шуд. Зимни баррасӣ масъалаи мазкур масъалаҳои саривақт чудо намудани китъаҳои замин барои сохтмони манзил, таъмини инфрасохтори зарурӣ дар мавзеҳои муҳоҷирони экологӣ ва дигар масъалаҳои вобастаи он дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон таҳлилу арзёбӣ гардида, ҷиҳати ҳалли онҳо ба мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатии вилояти Хатлон ва вазорату идораҳо супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Ба Хадамоти муҳоҷират  барои пурзӯр намудани корҳои  иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни  муҳоҷирони  меҳнатӣ ва омодасозии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, дар ҳамкори бо вазорату идораҳои дахдлор тақвияти корҳо дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа,  бокортаъминсозии муташаккилонаи онҳо дар давлатҳои хориҷӣ, татбиқи чорраҳои иловагӣ барои пешгирии бемории Ковид-19 дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, мусоидат ба ташхису табобати онҳо дастурҳои иловагӣ дода шуд.

Инчунин, зимни баррасии масъалаи мазкур ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвияти робитаи корҳо бо хамватанони бурунмарзӣ ва диаспораҳои тоҷик дар хориҷи кишвар, ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо барои мусоидат ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар давраи панедемия Ковид-19 супориш дода шуд, ки чораҳои иловагӣ андешад.

Ҳамчунин аз ҷониби аъзои комиссия Нақшаи кории Комиссияи  байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 тасдиқ карда шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа аз чониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ширин Исматуллозода ба вазорату идораҳои дахлдор барои иҷрои саривақтии супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ супоришҳои қатъӣ  дода шуд.

Август 31, 2020 18:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон