«АСРОРИ САРАЗМ». «Тоҷикфилм» наворбардории филми мустанадро оғоз намуд

Август 1, 2020 11:42

ДУШАНБЕ, 01.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба муносибати таҷлили 5500–солагии Саразми бостон таҳия ва наворбардории филми мустанади «Асрори Саразм»-ро оғоз намудааст. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Чанде пеш гурӯҳи эҷодии ин муассисаи фарҳангӣ ба сафари корию  эҷодӣ ба шаҳри Панҷакент рафт. Зимни сафар гурӯҳи эҷодӣ аз макони ҳафриёти Саразми бостон, осорхона ва шаҳри Панҷакенти қадимӣ  наворбардорӣ намуд. Ҳамзамон дар макони ҳафриёти Саразм гурӯҳи эҷодӣ бо якчанд олимони таърихшинос,  донишмандон ва бостоншиносон доир ба ҳафриёт ва таърихи ин макон мусоҳибаҳо анҷом дод, ки барои таҳияи филми мустанад зарур мебошанд.

Доираи ҳафриёт афзоиш ёфта, аз ҷониби мутахассисон оромгоҳи Саразми бостон мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дода шудааст,-иброз дошт роҳбари  гурӯҳи эҷодӣ, муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Толиб Ғайбуллозода.

Танзим ва банду басти филми мустанад шурӯъ гардида, қарор аст, ки он дар арафаи таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразми бостон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ  ба анҷом расида, пешкаши  тамошобинон шавад.

 

Август 1, 2020 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд