Астрономҳо аз наздикшавии астероиди бузург ба Замин хабар медиҳанд
ДУШАНБЕ, 01.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 5 августи соли равон соати 15.35 ба вақти маҳаллӣ астероиди бузург, ки андозааш то 190 метр аст, дар масофаи тақрибан 2.7 млн км ба Замин наздик меояд. Аломати ин ҷирм 2009 PQ1 буда, он ба гурӯҳи астероидҳои эҳтимолан хатарнок дохил намешавад. Ғайр аз ин, масофаи наздикшавии астероид ба Замин аз масофаи байни Замину Моҳтоб ҳафт маротиба зиёд аст. Бинобар ин, наздикшавии ин астероид ба Замин хатар намеорад. Тибқи маълумоти олимони соҳа, дафъаи оянда наздикшавии астероиди 2009 PQ1 ба Замин соли 2137 ба вуқӯъ меояд. Дар ин бора Директори Институти астрофизикаи АМИТ Гулчеҳра ҚОҲИРОВА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иттилоъ дод.
Ба маълумоти олими тоҷик, моҳи июл низ якчанд астероидҳо ба Замин наздик шуданд. Аз ҷумла, 24 июли соли 2020 астероиди 2020 ND, ки андозааш ба 170 м баробар аст ва он ба гурӯҳи астероидҳои эҳтимолан хатарнок барои Замин дохил мешавад, ба Замин наздик омад. Ин сангпораи азимҷусса дар масофаи зиёда аз 5 млн км аз Замин тай карда гузашт.
«5 млн км ин хеле масофаи бузург аст ва гузашти астероид ба Замин ягон хатар наовард. Астрономҳо метавонанд траекторияи астероидро дар садсолаҳои пеш ҳисоб намоянд, чун агар онҳо гӯянд, ки ин астероид эҳтимолан хатарнок аст, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки эҳтимоли хатари ӯ ба мо назарногир аст. Мо набояд аз ин ҳодисаи астрономии одӣ ба ташвиш биёем. Аз рӯи мушоҳидаҳои астрономҳо, дар як сол тақрибан 200 астероид аз назди Замин мегузарад. Одатан хатари онҳо ба Замин нахоҳад расид, аммо ба киштиҳои кайҳонӣ таҳдид мекунанд»,-гуфт Гулчеҳра Қоҳирова.
Инчунин зикр гардид, ки 26 июли соли 2020 боз ду астероиди дигар ба Замин наздик шудаанд. Яке аз онҳо мадори Заминро бурида гузашт ва дигаре умуман мадори Заминро набурид. Ҳарчанд онҳо ба гурӯҳи астероидҳои эҳтимолан хатарнок дохил намешаванд, лекин гоҳ-гоҳ ба Замин наздик шудаанд.
Ҳамеша назорати харакати астероидҳо тавассути мушоҳидаҳо дар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ гашта истодааст. Расадхонаҳо ва телескопҳои Институт барои ин кор мусоид мебошанд, инчунин дар ин самт олимони мо таҷрибаи хуб низ доранд.









Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






