«БАДАХШОН БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН»-таҳти ин унвон китоби нав ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 24.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташрифи навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки аз 19 то 22 августи соли равон сурат гирифт, аз ҷониби Институти илмҳои гуманитарии ба номи Баҳодур Искандаров ва дастгириҳои Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов китоби «БАДАХШОН БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН» ба нашр расид. Дар ин бора муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Муҳаққиқ ва муҳаррири китоб, директори Институти илмҳои гуманитарӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳоким Қаландариён дар китоби мазкур сафарҳо ва суханрониҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро аз соли 1993 то соли 2018 ҷамъоварӣ ва мавриди таҳқиқ қарор дода, дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят ба таври хосса зикр намудааст.
Дар саҳифаи аввал сухани муовини Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов оид ба ташаббусҳои роҳбарияти олии мамлакат дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардуми Бадахшон ва ҷалби зиёди маблағҳои буҷетӣ ба рушди ин минтақаи Тоҷикистон нек арзёбӣ намуда, самимият ва дӯстдории мардуми ин вилоятро ба Пешвои миллат изҳор намудааст. Мавсуф Ҷаноби Олиро «Пешвои равшанназар ва раҳнамои равшангуҳар» ном бурда, саҳми ин фарзонафарзандро дар тараққиёти ин гӯшаи мамлакат-яъне Бадахшон фоли нек хондааст.
«Китоб баҳри боз ҳам бештар аз худ намудани пешравиҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақшаҳои мукаммали давлату Ҳукумати мамлакат муҳим буда, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст»,-иброз намуд Назира Амирбекзода.








СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад






