Чӣ гуна истеъдодҳо бояд дар «Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» кашф шаванд? Андешаҳои Рустам Ваҳҳобзода дар барномаи «Адиб ва замон» аз Радиои «Ховар»
ДУШАНБЕ, 05.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз камбудиҳои бисёр ҷиддие, ки сабаби сукуту суқути фаъолиятҳои ҳунарӣ, мусиқӣ, сарояндагӣ ва овозхонии мост, фосилаи байни адабиёт ва ҳунар мебошад. Он касе, ки ба фаъолияти мусиқӣ, овозхонӣ, хусусан сарояндагӣ машғул мешавад, бояд дар назар дошта бошад, ки аслу асоси кори ӯ матни адабӣ аст. Ҳамаи кори мусиқӣ дар асоси матн сурат мегирад, чунки сухан дар радифи аввал меистад. Вақте ки матни суруд барҷаста нест, мусиқӣ хуб интихоб нашудааст, онро ҳар қадар агар бо овози хушу садои форам ҳам хонед, асло асари хубе пайдо намешавад. Мутаассифона, имрӯзҳо саводи адабии хеле аз сарояндагон, хусусан ҳаваскороне, ки дар ин замина мехоҳанд кор кунанд, бисёр дар сатҳи поён аст. Дар ин радиф онҳоро зарур аст, ки фаъолияти худро такмил диҳанд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» имконияти хубест барои дарёфти истеъдодҳои нав. Танҳо зарур аст, ки иштирокчиён бо маҳорати баланди эҷодӣ баромад кунанд.
Доир ба ҳамин мавзӯъ шоир, сармуҳаррири маҷаллаи “Садои Шарқ” Рустам Ваҳҳобзода дар барномаи «Адиб ва замон»-и Радиои «Ховар» изҳори андеша менамояд.
Барномаи «Адиб ва замон»-ро 06.08.2020 соатҳои 10:30, (такроран 14:30, ва 20:30) аз Радиои «Ховар» бишнавед. Муҳаррир ва ровии барнома Шабнам Шокирзода.