COVID-19. Дар Тоҷикистон 85,1%-и гирифторони коронавируси нав шифо ёфтанд

Август 17, 2020 19:00

ДУШАНБЕ, 17.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 17 август ба 8099 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 6897  (85,1%) гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 64 нафар фавтидаанд.

«Шабонарӯзи охир 79 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 42 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуданд аз маркази матбуоти вазорат.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Август 17, 2020 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Намунаи олию барҷастаи ҳамкории ду давлат ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад
ИЛМ ОМӮЗЕД, СОҲИБКАСБУ ЗАБОНДОН ШАВЕД! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш
ИСТИҚЛОЛИЯТ ТОҶИКИСТОНРО БО ҶАҲОН ВА ҶАҲОНРО БО ТОҶИКИСТОН ПАЙВАНДИ ҲАМЕШАГӢ БАХШИД. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ОЛИТАРИН ДАРАҶАИ БАХТУ САОДАТИ МИЛЛАТРО ТАЪМИН МЕНАМОЯД. Андешаҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин неъмати бебаҳо
Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ: «Қатар ният дорад ҳамкориро бо Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун вусъат диҳад»
Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 аз сомонаи АМИТ «Ховар» беш аз 4 миллион маротиба дидан кардаанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад