Дар деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод бинои нави таълимӣ ба истифода дода шуд

Август 14, 2020 12:36

ДУШАНБЕ, 14.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи соли  хониши  2020-2021 толибилмони  муассисаи таҳсилоти умумии №26-и деҳаи Заркамари ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзободро  туҳфа арзишманде насиб гардид.  Бинои қаблии муассисаи мазкур  дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Соҳибкорони маҳаллӣ Мансур Нурматов ва Абдуҷалил Саидов барои онҳо бинои нави таълимӣ сохтанд, ки 13 август мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Акнун хонандагони  ин мактаб дар синфхонаҳои муосир дарс меомӯзанд. Дар ин бора  аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

«Дар маросими кушодашавии бинои нави таълимӣ  муовини Вазири маориф ва илм Нуралӣ Собирзода, раиси ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода, директорон, омўзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимии ноҳия  иштирок намуданд»-,афзуд манбаъ.

Дар ҷамъомад  муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода  аз суханони Пешвои миллат оид ба рушди соҳаи маориф ёдоварӣ намуд. Номбурда, аз ҷумла зикр кард, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки  «Мактаб ҳамчун даргоҳи муқаддас барои ташаккули шахсият дар ҷомеа ва мавқеи устувор пайдо кардани ӯ нақши асосиву ҳалкунанда дорад.Фаромӯш набояд кард, ки ҳар шахс ба ҳар мақому мартабае, ки расида бошад, донишҳои аввалинро аз мактаб ва омӯзгор гирифтааст. Илова ба корҳое, ки давлат дар  самти рушди соҳаи маориф то имрӯз анҷом додааст, ман борҳо шахсонеро, ки шароити хуби молиявӣ доранд, даъват кардам, ки дар зодгоҳи худ муассисаи таълимие бунёд намоянд ё аз рӯи имконият барои таъмири мактабе, ки дар он таҳсил кардаанд, кумаку мусоидати худро дареғ надоранд».

«Амали шоистаи соҳибкорони ноҳияи Файзобод  Мансур Нурматов ва Абдуҷалил Саидов, ки дар сохтани ин бинои таълимӣ саҳм гузоштанд, шоистаи таҳсину пайравӣ мебошад»,-афзуд  Нуралӣ Собирзода .

Сипас  аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба роҳбарияти муассисаи таълимӣ, соҳибкорони маҳаллӣ  ва раисони маҳаллаву ҷамоат ҷиҳати анҷом дордани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар рушди маҳал «Сипоснома» тақдим карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои таълимӣ иборат аз чор синфхона барои 120 хонанда дар як баст ва аз  утоқи  директор иборат мебошад. Теъдоди хонандагон дар муассисаи  мазкур  441 нафарро ташкил дода, дар он 20 нафар омўзгор ба таълиму тарбия машғул мебошад. Дар муассиса дарсҳо дар ду баст ҷараён мегиранд.

Август 14, 2020 12:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд