Дар Душанбе масъалаҳои тавонбахшии беморони гирифтори саратон баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 29.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» 28 август оид ба масъалаҳои тавонбахшии беморони гирифтори бемории саратон видеоконфронси илмӣ-амалӣ доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар видеоконфронси илмӣ-амалӣ намояндагони муассисаи мазкур ва директорони марказҳо ва донишкадаҳои илмии кишварҳои ИДМ ва Евразия иштирок намуданд.
Видеоконфронс аз рӯйи 9 бахш идома ёфта, дар он 50 маърӯзаи илмӣ муҳокима шуд.
Аз ҷумла, мутахассисон дар мавзӯи «Барқароркунии яквақта ва мавқуфгузоштаи ғадуди ширӣ бо мақсади барқароркунӣ ва беҳсозии сифати ҳаёти занҳо бо саратони ғадуди ширӣ», «Солимии репродуктивӣ ва сифати ҳаёти занҳо бо бемории Лимфома Ҳоҷкинӣ» сухан гуфта, зикр намуданд, ки масъалаҳои тавонбахшии беморони гирифтори саратон яке аз масъалаҳои мубрам ва ҳалталаби соҳаи мазкур ба ҳисоб мераванд.
Дар видеоконфронси мазкур ҳамзамон мутахассисони соҳа якчанд масъалаҳои вобаста ба тавонбахшии беморони гирифтори саратонро баъд аз табобат муҳокима намуда, нақшаҳои ояндаро нисбат ба тавонбахшии ҷисмонию равонии онҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.








«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд






