Дар Хуҷанд гимназияи нав ба фаъолият оғоз намуд

Август 18, 2020 08:55

ДУШАНБЕ, 18.08.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар арафаи соли нави таҳсил дар шаҳри Хуҷанд​ Муассисаи нави таълимӣ-Гимназияи «Эҳёи маънавият» ба фаъолият оғоз намуд, ки дар маросими ифтитоҳи он роҳбарияти шаҳр ва кормандони соҳаи маориф ширкат варзиданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Зимни ифтитоҳи муассисаи таълимӣ иброз гардид, ки​ ​ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон​ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму маориф эътибори махсус дода, барои пешрафти ин соҳаи афзалиятнок тадбирҳои зарурӣ меандешад. Таҷрибаи мавҷудияти инсоният собит месозад, ки афроди босаводу донишманд барои ҳар давлату миллат сарвати бебаҳо ва неруи тавонои зеҳнӣ ба шумор мераванд, бинобар ин, дар асоси таҷрибаи таърихиву арзишҳои миллӣ тарбия намудани насли ояндасоз вазифаи ҷонии устод, омӯзгор ва мураббӣ маҳсуб мешавад.

Гимназияи «Эҳёи маънавият» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нуринисо Ҷӯраева дар бинои 4-ошёна таъсис ёфта, аз 33 синфхона, толори тамрин, майдончаи варзишӣ, ошхона, толори фарҳанг ва дигар инфрасохтори таълимӣ иборат мебошад. Дар соли хониши 2020-2021 дар он ҳамагӣ 40 нафар хонанда ба синфҳои 1, 2, 3, 5 ва 6 қабул шудаанд.

Дар гимназияи мазкур 18 нафар корманд, аз ҷумла 12 нафар омўзгор бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.​

Август 18, 2020 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд