Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ заминҳои наздиҳавлигӣ самаранок истифода мешаванд
ДУШАНБЕ, 18.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шиносоӣ бо ҳолати истифодаи самарабахши заминҳои наздиҳавлигӣ ва шароити зисти аҳолӣ аз қитъаи замини сокини деҳаи Бӯстони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Пӯлод Миров дидан намуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Пӯлод Мирови 78-сола, ки маълумоти олии иқтисодӣ дорад, ҳоло нафақагир асту дар замини наздиҳавлигиаш деҳқонӣ мекунад. Замини наздиҳавлигии ин марди деҳқон 0,15 га буда, ҳар ваҷаби он самаранок истифода бурда мешавад.
Тавре ки Пӯлод Миров ба раиси вилоят иттилоъ дод, дар ин қитъа баъд аз ҷамъоварии ҳосили якум кишти такрории зироат, аз ҷумла маккаи дон, лӯбиё, мош, картошка ва дигар намуди сабзавот барои аҳли оила парвариш мешавад, ки феълан нашъунамои хуб доранд.
Дар хонаводаи Пӯлод Миров аз ҳосили маҳсулоти замини наздиҳавлигиашон ҳамасола барои оила зиёда аз 300 дона банка хӯришҳои гуногун ва мураббо захира менамоянд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зикр кард, ки ҳар як оилаи деҳотӣ бояд аз замини наздиҳавлигӣ оқилонаю пурсамар истифода бурда, дар таъмини амнияти ғизоӣ саҳм гузорад.








Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд






