Даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар шаҳру ноҳияҳои Бадахшон ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 29.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» тибқи тартиби нав дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷамъбаст гардид, ки аз 328 нафар иштирокчии даври аввал 73 нафари он барои санҷиши маҳорату истеъдод ба даври вилоятӣ интихоб гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, даври аввали озмуни мазкур аз 25 июл то 12 август дар шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ сурат гирифт, ки дар он намояндагони касбу кори гуногун аз қишрҳои мухталифи ҷомеа иштирок доштанд.
Ба гуфти аъзои ҳакамон, бештари иштирокчиёни имсола нафароне буданд, ки дар озмуни соли гузашта иштирок намуда буданду ҷойҳои намоёнро сазовор нагардиданд.
Даври дуюм дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт моҳҳои сентябр — октябри соли 2020 баргузор мешавад. Довталабон дар ин давра аз ҷониби ҳайати ҳакамони озмун муайян мегарданд. Қисмати ташкилӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои баргузории даври дуюми озмун ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вогузор гардидааст.
Ёдовар мешвем, ки ҳайати ҳакамони даври дуюм ва сеюм бо пешниҳоди Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи композиторон аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳаи санъату фарҳанг интихоб шуда, аз тарафи Комиссияи озмун тасдиқ мегардад.








Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад






