ҶДММ хоҷагии зотпарварии «Саодат»-и Хуросон саршумори говҳои ҷӯшоиро ба 1000 сар мерасонад

Август 12, 2020 11:10

 ДУШАНБЕ, 12.08.2020 /АМИТ «Ховар»/.  ҶДММ хоҷагии зотпарварии «Саодат»-и ноҳияи Хуросон саршумори говҳои ҷӯшоиро ба 1000 сар расониданист. Хоҷагӣ имрӯзҳо бо давлатҳои Чехия, Эрон, Туркия, Чин, Россия ва Беларус ҳамкорӣ ба роҳ мондааст. Ҷамъият аз Чехия дастгоҳи замонавие ворид намудааст, ки дар як вақт имкони ҷӯшидани 32 сар говро дошта, ҳаҷми истеҳсоли шир дар як шабонарӯз зиёда аз 7 ҳазору 500 литрро ташкил медиҳад. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар»хабар доданд.

Сарвари хоҷагии зотпарварии «Саодат» Иноят Холов иброз намуд, ки  корхона бо маблағи 18 миллион сомонӣ дар масоҳати 14,2 гектар бунёд гашта, дар ин ҷо ду намуди чорвои калони шохдор — зоти «Сементал» ва «Голштен» парвариш меёбанд. Шумораи онҳо 730 сар буда, қариб 500 сарро модаговҳои ҷӯшоӣ ташкил медиҳанд.

Дар ферма 112 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъминанд. Мутахассисон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ба кор ҷалб карда шуда, бо ҷойи хоб ва се вақт хӯроки гарм таъмин мебошанд.

Дар назди хоҷагӣ коргоҳи коркарди шир фаъолият дошта, ба истеҳсоли маҳсулоти хушсифат, ба монанди кефир, ҷурғот, сметана, қаймоқ, чакка, творог, йогурт ва шир машғул мебошад.

Ёдовар мешавем, ки корхонаи мазкур тирамоҳи соли 2014 дар заминаи комбинати шири шаҳри Душанбе бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият шурӯъ намудааст.

Август 12, 2020 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд