ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон 33 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд

Август 31, 2020 18:44

ДУШАНБЕ, 29.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмуъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то санаи 31 август 8583 ҳолатро ташкил дода, дар мамлакат 7376  (85,9%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 68 нафар фавтидаанд.

«Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 84 нафар гумонбарон қарор дошта, 35 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд», — илова намуд манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Август 31, 2020 18:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соли раёсати Тоҷикистон Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба ҳайси нозир дар Маҷмаи Умумии СММ пазируфта шуд
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР ДАР МАСЪАЛАҲОИ ОБУ ИҚЛИМ. Ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист бахшида мешавад
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Дар рӯзи охири мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон ду медал ба даст оварданд
ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ КӮДАКОНИ ХУШБАХТ. Эъто ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
1 ИЮН-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН. Ин рӯзи риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак мебошад
ТАВАҶҶУҲ! Аз пагоҳ зимни ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок маҳдудият ворид мешавад
«Buta Airways» дар масири Боку-Душанбе-Боку нахустин парвози мустақимро анҷом дод
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН-МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ. Сафари давлатии таърихӣ бо тадбирҳои бузург дар роҳи таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ ва минтақавӣ
Ба қабули Эъломияи муштарак байни Тоҷикистон ва Чин оид ба барқарории муносибатҳои шарикии стратегӣ 10 сол пур мешавад
Муносибатҳои наздик ва дӯстонаи Тоҷикистон ва Чин гарави бунёдии рушди фаъоли ҳамкорӣ мебошад
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН: ДАР МАСИРИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ. Андешаҳои директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо дар ин маврид
АБАРМАРД. Аксари роҳбарони сиёсии дунё, аз ҷумла сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро чун шахсияти барҷастаи сиёсӣ ва ходими давлатӣ эътироф намудаанд