НИҚОБ НАПӮШӢ — ҶАРИМА БИПАРДОЗ! Дар Хуҷанд дар як шаб зиёда аз 50 нафар, ки саломатии атрофиёнро зери хатар мегузоштанд, ҷарима шуданд
ДУШАНБЕ, 31.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд дар як санҷиши шабона зиёда аз 50 нафар, ки саломатии атрофиёнро зери хатар мегузоштанд, ҷарима шуданд, хабар медиҳад агентии Sputnik.
Тавре ки роҳбари маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Маъмур Юсуфзод дар мусоҳиба бо Sputnik зикр намуд, санҷиши шабона дар бозори Панҷшанбе нишон дод, ки аксар савдогарон дар давраи хуруҷи COVID-19 одитарин қоидаҳои гигиенаро риоя намекунанд.
«Маълум шуд, ки режими ниқоб ҳанӯз риоя намешавад ва шаҳрвандон метавонанд бидуни ниқоб дар бозор озодона хариду фурӯш кунанд. Ва ин дар ҳолест, ки ҷойҳои ҷамъиятӣ хатарноканд ва метавонанд манбаи асосии паҳншавии бемориҳои сироятӣ бошанд», — гуфт Юсуфзод.
Кормандони Маркази назорати давлатии санитарӣ- эпидемиологӣ фаъолияти чанд ошхонаро ба сабаби риоя накардани қоидаҳои санитарӣ манъ карданд.
Роҳбари маркази матбуот гуфт, ки ҳангоми амалиёти санҷишии «ниқоб» маълум шуд, ки як қисми назарраси сокинон бидуни ниқоб дар марказҳои фароғатӣ гаштугузор мекунанд ва то ҳол хатари бемории коронавирусро ҷиддӣ эҳсос намекунанд, нисбат ба саломатии худ беэътиноӣ карда, саломатии дигаронро зери хатар мегузоранд.
Кормандони Раёсати корҳои дохилии Хуҷанд беш аз 50 нафарро барои напӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба маблағи аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима бастанд.
АКС аз Sputnik








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






