Рустам Назарзода: Ҳамкории КҲФ бо аҳолӣ хуб ба роҳ монда шудааст, зеро бе робитаи қавӣ бо сокинон мо наметавонем ба муваффақият ноил гардем

Август 17, 2020 13:05

ДУШАНБЕ, 17.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  аз таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сол сипарӣ шуд. Кумитаи мазкур соли 1994 бо Қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, соли 1999 ба Вазорати ҳолатҳои фавқулода табдил дода шуд. Пас аз таҷдиди сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт.

Дар остонаи солгарди таъсиси Кумитаи мазкур хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ бо Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам НАЗАРЗОДА суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»:Дар зарфи беш аз чаҳоряк асри фаъолият Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба чӣ пешрафтҳо ноил гардид?

Рустам Назарзода: — Қабл аз ҳама, заминаи меъёрии ҳуқуқи и соҳа танзим ва ташаккул ёфт. Дар ин самт қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» яке аз иқдомҳои асосӣ ба шумор меравад.

Минбаъд, дар асоси қонуни мазкур Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода муқаррар карда, Низомномаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода такмил дода шуд. Ба ҳайси мақоми машваратии Комиссияи давлатӣ Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ аз соли 2012 таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – сарпарасти соҳа ба фаъолият шурӯъ намуд ва  ба он созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун нозирон шомил карда шуданд.

Бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон механизми баҳисобгирии офатҳои табиӣ ва таснифи онҳо, муайянсозии ҳаҷми зарар аз ҳолатҳои фавқулода, тартиби  захиракунонии манбаъҳои моддӣ ва маблағгузории чорабиниҳо оид ба  рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода  муқаррар карда шуданд.

Аз соли 1997 шурӯъ карда, махзани маълумот оид ба  ҳолатҳои фавқулода  таъсис дода шудааст. Дар асоси таҳлили ин маълумотҳо   дар ноҳияҳои осебпазир мунтазам тадбирҳои пешгирикунанда   доир карда мешаванд.

Бо мақсади иҷрои тавсияҳои Барномаи қолабии Сендай  Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 аз 29 декабри соли 2018  ва  Барномаи рушди Кумита барои солҳои 2018-2022 бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд.

Дар ин давра бо мақсади иҷрои Стратегияи миллӣ ва Барномаи рушди Кумита бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  заминаи моддӣ-техникии Кумита  пурзӯр карда, дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ниҳодҳои ҳудудӣ ва дастаҳои зудамали наҷотдиҳӣ ташкил ва бо таҷҳизоту техникаи ҳозиразамони садамавию наҷотдиҳӣ таъмин карда шуданд.

Барои идоракунии мунтазами ҳолатҳои фавқулода дар марказҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе  марказҳои идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ ташкил гардида, бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

Кумита дар кори  созмонҳои  минтақавӣ, аз ҷумла Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба ҳолатҳои фавқулода, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ фаъолона ширкат мекунад.

Солҳои охир  як қатор   созишномаҳо ва ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон,  Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Созмони Милали Муттаҳид,   Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Ҳукумати Япония, Бонки Осиёии рушд, Барномаи озуқавории  ба тасвиб расиданд.

Метавон гуфт, ки тайи 26 сол Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба мақоми пуриқтидори соҳавӣ табдил ёфтааст, ки дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ низ дар  самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода мақоми назаррас дорад.

АМИТ «Ховар»: — Тавре маълум аст, вазифаи аввалиндараҷаи Кумита ҳифз намудани аҳолӣ, ҳудуд ва пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода, бартараф намудани офатҳо ва расонидани кумак ба аҳолии зарардида мебошад. Дар ин самт кормандони Кумита ҳамеша фаврияти амали хешро таъмин карда метавонанд?

Рустам Назарзода: — Бале, Кумита чун ниҳоди ҳамоҳангсози пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода ба тамоми таҳдидҳо сари вақт ва бо фаврият вокуниш менамояд. Барои ин Кумита дорои техника ва таҷҳизоти ҳозиразамон буда, дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ниҳодҳои он фаъолият  мекунанд.

Кумита сатҳи таъминоти сохторҳои худро бо таҷҳизоти замонавӣ марҳила ба марҳила  беҳтар менамояд. Масалан, бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси Аҳднома оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва техникии   Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҷумҳурии  Мардумии Чин, номаҳои мубодилавӣ оид ба ёрии техникӣ байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Чин  моҳи июли соли равон 127  адад  техникаву таҷҳизоти муосир ба Кумита дастрас карда шуданд, ки  барои пешбурди фаъолияти  фаврии мо  кумак хоҳанд намуд.

АМИТ «Ховар»: — Татбиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳи 2019 – 2030″ низ ба уҳдаи Кумита вогузор шудааст.   Табиқи он то имрӯз  чӣ натиҷа дод ?

Рустам Назарзода: — Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз 60 давлати ҷаҳон ба шумор меравад, ки аввалин шуда, Стратегияи миллии худро оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ қабул намудааст.

Айни замон дар асоси Стратегияи мазкур ва ноилшавӣ ба ҳадафҳои он панҷ  лоиҳаи бузург бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ ва донорҳо татбиқ гардида истодаанд, ки мақсади онҳо ташкили ниҳоди боэътимод дар соҳаи омодагӣ ва  вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода мебошад.

Ҳамзамон  таҳияи зербарномаҳои миёнамуҳлати ин стратегия барои солҳои 2020-2023 ба анҷом расида, дар марҳилаи мувофиқакунонӣ қарор доранд. Иҷрои Стратегияи мазкур то соли 2030 ба кам кардани ҳаҷми зарар аз ҳолатҳои фавқулқулода  ва  баланд бардоштани иқтидору  имкониятҳои  соҳа мусодат хоҳад кард.

АМИТ «Ховар»: — Дар Кумита «Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022″ амалӣ мегардад. Дар ду соли татбиқи Барномаи мазкур чӣ натиҷаҳо ба даст омаданд?

Рустам Назарзода:  — Барномаи мазкур беҳтар намудани фаъолияти низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, мустаҳкамсозии заминаи моддӣ-техникӣ ва иқтидори мақомоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар самти таъмини ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди ҷумҳуриро пешбинӣ менамояд.

Дар чаҳорчӯби ин барнома  бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ бунёди иншооти зарурӣ, аз ҷумла, сохтмони бинои нави Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумита, тарҳрезӣ ва сохтмони Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ дар шаҳри Душанбе ва Машқгоҳи байналмилалии тайёр намудани наҷотдиҳандагон дар мавзеи Қаратоғ шурӯъ карда шуд.

Айни замон, пешниҳодномаҳои лоиҳавии сохтмони Маркази тайёр намудани ғаввосон, Маркази кинологӣ ва Маркази эҳёи наҷотдиҳандагон дар марҳилаи омӯзиш ва баррасӣ қарор доранд.

АМИТ «Ховар»: — Барои бартараф кардани офатҳо ва пешгирии онҳо дар кори кормандон чӣ мушкилот  ба назар мерасад ва оё  заминаи моддиву техникии мавҷуда барои Кумита кифоят мекунад?

Рустам Назарзода: — Солҳои аввали фаъолият кормандони Кумита бо камбудиҳои зиёд рӯ ба рӯ буданд. Айни замон, барои фаъолияти пурсамари кормандони Кумита тамоми шароит фароҳам оварда шуда,  заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ  ва  моддиву техникии Кумита  таҳким бахшида  шудааст.

АМИТ «Ховар»: — Дар Кумита телефони боварии 112 фаъол мебошад. Имрӯзҳо  мардуми зиёд ба ин рақам занг зада,  тавсияҳои Кумита оид ба ин ё он ҳолати фавқулода мегиранд. Дар бораи ҳамкории Кумита бо аҳолӣ чӣ гуфта метавонед?

Рустам Назарзода: —  Байни Кумита ва аҳолӣ ҳамкории  хуб ба роҳ монда шудааст, зеро  бе  робитаи қавӣ бо сиконон мо наметавонем дар танҳоӣ ба муваффақият ноил гардем. Барои мисол,  ҳангоми қабул намудани огоҳиномаҳо аз Агентии обу ҳавошиносӣ ба таври фаврӣ аз ҷониби Кумита тамоми зинаҳои Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодаи мамлакат бо барқияи фаврӣ огоҳонида мешаванд. Ҳамчунин дар сомонаи расмии Кумита ва тариқи ВАО огоҳиномаҳо пахш карда мешаванд.

Имсол ба рақами фаврии кӯтоҳи «112»  зиёда аз 12000 нафар муроҷиат кардаанд. Аз ҷумла, 286 маротиба вобаста ба масъалаҳои сирояти коронавирус.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, ба шаҳрвандон тавсия медиҳам, ки ҳангоми зарурат ва ба амал омадани офатҳои табиӣ ва ҳодисаҳои нохуш бо телефон  ба рқами  112 муроҷиат намоянд ва ба онҳо  аз ҷониби Кумита кумаки зарурӣ расонида мешавад.

Зимнан, ҳамаи ҳамкасбони худро бо иди касбиашон муборак намуда, ба онҳо тансиҳативу барор  таманно дорам.

АМИТ «Ховар»: — Мо низ Шумо ва дар шахси Шумо тамоми кормандони соҳаро  бо иди касбиатон самимона табрик мегӯем ва дар роҳи пешгирии саривақтии ҳалатҳои фавқулода ва рафъи оқибатҳои онҳо барору комёбӣ мехоҳем!

Август 17, 2020 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд