Соҳибкор Ҷурабек Муҳибов ба хонандагони шаҳри Турсунзода мактаби нав туҳфа намуд

Август 20, 2020 09:31

ТУРСУНЗОДА, 20.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони муассисаҳои таълимии №29-и деҳаи Обшорон ва №69-и деҳаи Зиёраттути Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода соли нави таҳсилро дар биноҳои нави таълимӣ оғоз намуданд.  Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Турсунзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода зимни ифтитоҳи биноҳои мазкур гуфт, ки “Ҳукумати мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи маориф эътибори ҷиддӣ зоҳир намуд. Дар пайравӣ ба ин иқдом мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода барои фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас тадбирҳои зарурӣ меандешад. Биноҳои муассисаҳои таълимии №29 ва 69 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Ҷӯрабек Муҳибов ва фаъолони деҳаҳои Обшорон ва Зиёраттут сохта шуданд. Омӯзгоронро зарур аст, ки  бо фароҳам сохтани чунин муассисаҳои замонавӣ ва таъмин намудани онҳо бо таҷҳизоти навтарин ҷиҳати татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф  тадбирҳои амалӣ андешанд”.

Тавре огаҳӣ дорем, бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас аз ҷониби Пешвои миллат солҳои 2020–2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карда шуд.

Дар шаҳри Турсунзода бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 367 иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятиву ҷумҳуриявӣ  ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз зиёда 180 иншоот, аз ҷумла  сардхонаҳо, майдонҳои варзишӣ, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, кошонаҳои ҳусн ва ҳаммомҳои замонавӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Инчунин бо мақсади  фароҳам овардани шароити таҳсил ва ҳалли масъалаи  норасоии  ҷойи нишаст бунёди 83 синфхонаи иловагӣ ва 2 толори варзишӣ ҷараён дорад.

 

Август 20, 2020 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд