Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо ҷониби Россия барои харидории ваксина бар зидди COVID-19 гуфтушунид ба роҳ монд
ДУШАНБЕ, 13.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи созишномаҳои қаблан баимзорасида бо Вазорати тандурустии Федератсияи Россия доир ба харидории ваксина бар зидди коронавируси COVID-19 гуфтушунид ба роҳ монд Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Наврӯз Ҷаъфаров хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, гуфтушунидҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ низ идома доранд.
Тавре ҳамсӯҳбати мо гуфт, ҳаҷми истеҳсоли ваксина дар Россия барои фурӯши оммавӣ ҳанӯз кофӣ нест, зеро ба нақша гирифта шудааст, ки дар як сол то 1,5 миллион воя (доза) ваксина истеҳсол карда шавад, дар ҳоле ки худи аҳолии Россия 142 миллион нафарро ташкил медиҳад. Тибқи арзёбиҳои пешакӣ, барои эм кардани аҳолии Россия тақрибан 9 сол лозим аст. Ба ҷуз Тоҷикистон, 26 давлати дигар барои харидории ваксина дар навбат қарор доранд.
«Азбаски байни Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи тандурустӣ созишнома вуҷуд дорад, умед дорем, ки ба мо ин ваксина дастрас карда мешавад», — гуфт ӯ.
Ба суол дар бораи он, ки кай ваксина дастрас мегардад, Наврӯз Ҷаъфаров гуфт, ки ҳоло маълум нест.
Айни ҳол дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ оид ба ҳисобу китоб ва муайян намудани миқдори зарурии ваксина барои ҷумҳурӣ таъсис дода шудааст. Пеш аз ҳама, ваксина барои беморони гирифтори диабети қанд, бемориҳои роҳи нафас, кормандони соҳаи тиб, онҳое, ки ба ҳифзи сарҳад машғуланд ва танҳо баъд барои аҳолии солим ҳисоб карда мешавад.
«Ҳангоми ҳисобкунӣ инчунин бояд ба назар гирифт, ки миқдори муайяни одамон ба COVID-19 гирифтор шуда, подтан (антитела) пайдо мекунанд ва ба ин одамон гузаронидани ваксина лозим намеояд. Одатан, подтанҳо тақрибан ду сол фаъоланд», — шарҳ дод Наврӯз Ҷаъфаров.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар Тоҷикистон сатҳи беморӣ муътадил аст. Дар як рӯз зиёда аз 40 нафар ба коронавирус сироят меёбанд. Шумораи гирифторон аз аввали моҳи май 7912 нафар ва фавтидагон 63 нафарро ташкил медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки ваксинаи Россия бар зидди коронавируси COVID-19 11 август ба қайд гирифта шуд. Дар ояндаи наздик истеҳсоли оммавии он шурӯъ шуда, аллакай моҳи октябр ваксинакунонии шаҳрвандони Россия, ки ба гурӯҳи осебпазир шомил мебошанд, оғоз меёбад.








ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст






