ҲАМОИШИ ҚАЛАМ ВА СУХАН. Асадулло Саъдуллоев 60 соли умри пурбаракати худро ба рушди журналистикаи тоҷик бахшидааст

Сентябрь 22, 2020 13:04

ДУШАНБЕ, 22.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо садҳо нафар шогирдони доктори илмҳои филологӣ, профессор Асадулло Саъдуллоев дар воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон  фаъолият менамоянд, ки бозгӯи заҳматҳои  ин марди некном  дар бахши журналистикаи муосири  тоҷик мебошад. Чунин зикр шуд дар ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалие, ки имрӯз дар Душанбе таҳти унвони «Нақши публитсистика дар шароити ҷаҳонишавӣ» баргузор гардид. Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҳамоиш ба  зодрӯз ва  80-солагии доктори илмҳои филологӣ, профессор Асадулло Саъдуллоев бахшида  шуда, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» аз созмондиҳандагони ҳамоиш буданд.

Дар ҳамоиш, ки устодону донишҷӯёни бахши журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар донишгоҳҳои мамлакат иштирок доштанд, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, директори Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода, муовини аввали Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини Раиси Кумитаи  телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Дилафрӯз Рустамзода ва устодони факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон доир ба ҳаёту фаъолияти ибратбахши Асадулло Саъдуллоев ва ҷойгоҳи устод дар рушди журналистикаи тоҷик, хусусан дар омода намудани мутахассисони варзида –рӯзноманигорони ҳирфаӣ барои воситаҳои ахбори оммаи мамлакат сухан карданд.

Гуфта шуд, ки  профессор Асадулло Саъдуллоев 60 соли умри пурбаракати худро ба қалам ва сухан бахшида, дар рушди журналистикаи тоҷик, хусусан омода намудани мутахассисони  ҳирфаӣ заҳматҳои зиёд кашидааст. Ин аст, ки қариб дар тамоми нашрияҳо, расонаҳои хабарӣ ва  шабакаҳои телевизиону  радио  шогирдони устод фаъолияти пурсамар доранд. Ҳамзамон профессор Асадулло Саъдуллоев ҳамчун публитсист ва муҳаққиқ дар ташаккули адабиёти муосири тоҷик нақши муассир гузоштааст.

Асадулло Саъдуллоев 22 сентябри соли 1940 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шуда, баъди хатми мактаби миёна ба факултаи таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, алҳол Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1962 хатм мекунад. Солҳои тӯлонӣ дар нашрияҳои «Маориф ва маданият», «Газетаи муаллимон» ва «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ва Кумитаи телевизион ва радио фаъолият намудааст. Солиёни мадид дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муҳассилини бахши журналистика, инчунин зарфи се сол -1984—1987 дар Донишгоҳи Кобул дарс додааст. Давоми солҳои 1992—2000 ва 2007—2009 ба кафедраи телерадиожурналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон роҳбарӣ карда, солҳои 2002—2005 декани факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Аз соли 2009 профессор дар кафедраи ВАО-и чопӣ ва PR Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ба донишҷӯён дарс гуфтааст. Асадулло Саъдуллоев соли 1978 рисолаи номзадӣ ва соли 1996 рисолаи докторӣ ҳимоя намуда, муаллифи 31 монография, 160 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва методӣ оид ба масъалаҳои назария ва амалияи журналистикаи тоҷик мебошад. Профессор Асадулло Саъдуллоев дар конфронсу ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ иштирок ва сухан намудааст.      Хизматҳои шоёни профессор Асадулло Саъдуллоев  дар рушди журналистика ва публисистикаи тоҷик басо чашмрас аст. Асадулло Саъдуллоев соли 1996 ба унвони доктори илмҳои филология, 1998 —  профессор, 1984 — Аълочии маорифи Тоҷикистон, 1969 — узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, 1992 — узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,  2004 — Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, 2010 — Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон  мушарраф мегардад.

Иштирокдорони ҳамоиш атрофи  мавзӯъҳои марбут ба публитсистика дар  таҳқиқи А. Саъдуллоев, назаре ба ҳаёту фаъолияти Асадулло Саъдуллоев, публитсистикаи устод Айнӣ  дар шинохти Асадулло Саъдуллоев, А. Саъдулллоев –публитсист, таҳқиқи журналистикаи хориҷӣ  ва байналмилалӣ  дар мактаби илмии А. Саъдуллоев, мактаби илмии А. Саъдулллоев дар риштаи журналистикаи телевизион, пайванди назария ва  амалия дар  китобҳои дарсии А. Саъдуллоев, нақши публитсист дар замони муосир, инъикоси дастовардҳои замони истиқлол дар осори публитсистӣ, нақши Пешвои миллат дар осори публитсистии замони Истиқлол, симои инсони кору пайкор дар публитсистикаи Асадулло Саъдуллоев, публитсистика дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муборизаҳои иттилоотӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба публисистикаи замони муосир сухан карданд.

Ҳамзамон дар ҷараёни ҳамоиш филми кӯтоҳ таҳти унвони «Афроз»  намоиш дода шуд, ки ба ҳаёту фаъолияти устоди журналистикаи тоҷик Асадулло Саъдуллоев бахшида шуда буд. Инчунин Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар радифи дигар ҷоизаву мукофотҳои соҳавӣ «Ҷоизаи ба номи Асадулло Саъдуллоев»-ро барои беҳтарин нашрияи маҳаллӣ таъсис дод.

                                             Марзия  САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 22, 2020 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ вобаста ба пешбурди ковишҳои бостоншиносӣ дар соли 2025 ҳамоиш доир шуд
Соли 2024 сафи довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 860 нафар зиёд гардид
Соли 2024 дар театрҳои касбии Тоҷикистон 63 асари нав саҳнавӣ гардид
«Телевизиони Бадахшон» ба формати пахши дақиқияташ баланд- HD гузашт
Дар шаҳри Теҳрон маҳфили адабии Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона баргузор шуд
ИСТАРАВШАН – «ОСОРХОНА ДАР ФАЗОИ КУШОД». Ва ё шаҳре, ки ба узвияти Шурои ҷаҳонии ҳунармандон пазируфта шуд
БА ДӮСТДОРОНИ КИТОБ. Дар назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиш-фурӯши китоб баргузор мегардад
«ДАРВОЗАИ НАВРӮЗ АСТ ҶАШНИ САДАИ МЕҲАН». Дар шаҳри Панҷакент ҷашни Садаро бошукуҳ таҷлил намуданд
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Ҷашни Сада бояд дар шаб баргузор шавад
Соли 2024 7584 сайёҳи хориҷӣ осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро тамошо кардаанд
«Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» нашр ва дастрас мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ Қасри фарҳанг бунёд карда мешавад