Бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода ҷаласаи Шӯрои миллии рушди маориф доир гардид

Сентябрь 4, 2020 09:40

ДУШАНБЕ, 04.09.2020 /АМИТ «Ховар»/.  3 сентябр таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат, раиси Шӯрои  миллии рушди маорифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода ҷаласаи Шӯро баргузор гардид. Дар кори он аъзои Шӯро, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони як зумра вазорату кумитаҳои дахлдор ширкат намуданд. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар”иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа вобаста ба раванди таълиму тарбия дар мактаб-интернатҳои дорои мақоми ҷумҳуриявӣ гузориши муовини сардори Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Зиёратшоҳ Назруллозода, оид ба  вазъи таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имкониятаашон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муовини Вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ, вобаста ба дастоварди хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз фанҳои табиию риёзӣ гузориши директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо Маҳмадова шунида шуд.

Зимни баррасии масъалаи якум иттилоъ дода шуд, ки дар ҷумҳурӣ 64 мактаб-интернат бо фарогирии 8275 тарбиятгиранда фаъолият дошта, аз он 14 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ тобеи Вазорати маориф ва илм мебошанд. Дар муассисаҳои мазкур соли таҳсили 2019-2020 386 нафар омӯзгор ба фаъолият машғул буда, аз шумораи 132 нафар хатмкунанда соли равон 104 нафар (16 духтар) ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дохил гардидаанд, ки 78,8 фоизро ташкил медиҳад.

Вобаста ба масъалаи дуюми ҷаласа зикр гардид, ки имрӯзҳо мутахассисони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сари вақт ошкор намудани кӯдакони дорои норасоиҳои рушди зеҳнӣ ва ҷисмонӣ, баланд бардоштани сатҳи  касбияти омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ барои кор бо кӯдакони имконияташон маҳдуд, ҳамкории байниҳамии омӯзгорону равоншиносон ва педагогҳои иҷтимоӣ дар муассисаҳои таълимӣ барои кор бо хонаводаҳои дорои кӯдакони имконияташон маҳдуд, таъсиси иттиҳодияҳо ва марказҳои расонидани кумакҳои амалӣ оид ба таълим, тарбия ва омода намудани кӯдакони имконияташон маҳдуд ба ҳаёти мустақилона, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии омӯзгорӣ оид ба тайёр кардани омӯзгорон бо малакаҳои кор бо кӯдакони имконияташон маҳдуд, мусоидат ба такмили асноди меъёрию ҳуқуқӣ бо назардошти татбиқи таҳсилоти фарогир ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба ин таҳқиқоти судманду назаррас анҷом дода истодаанд.

Директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо Маҳмадова иттилоъ дод, ки соли 2019 аз ҷониби  Маркази аз фанҳои табиӣ-риёзӣ олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, олимпиадаи даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, олимпиадаи даставии хонандагони мактабҳои президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат, олимпиадаи номии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, олимпиадаи фаннӣ барои наврасон ва олимпиада оид ба шоҳмот байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баргузор гардиданд.

Дар маҷмӯъ, дар олимпиадаҳои мазкур аз фанҳои табиӣ-риёзӣ 1252 хонанда иштирок намуда,  339 нафар сазовори  ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 66 медали тилло, 105 медали нуқра ва 168 медали биринҷӣ гардиданд. Инчунин хонандагони мамлакат аз аввали соли 2019 дар 31 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар давлатҳои Қазоқистон, Беларус, Тайиланд, Россия, Малайзия, Руминия, Италия, Ҳиндустон, Латвия, ИМА, Исроил, Венгрия, Англия, Ӯзбекистон, Франсия, Африқои Ҷанубӣ, Озарбойҷон, Кореяи Ҷанубӣ ва Туркия баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуда, сазовори 251 медал, аз ҷумла 67 медали тилло, 66 медали нуқра ва 118 медали биринҷӣ гардиданд. Ҳамзамон соли 2020 хонандагони мамлакат ба таври фосилавӣ дар 7 олимпиадаи байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 28 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 3 медали тилло, 4 медали нуқра ва 21 медали биринҷӣ гардиданд.

Зимни баррасии масъалаҳо роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳо ба музокира баромада, фикру андеша ва таклифу пешниҳодоти худро иброз доштанд.

Дар ҷаласа вобаста ба баланд бардоштани сифати таҳсилот дар мактаб-интернатҳо, таъмини муассисаҳо бо омӯзгорони ихтисосманд, назорати қатъии риояи қоидаҳои беҳдоштию санитарӣ дар мактаб-интернатҳо, таъминоти хонандагон бо китобҳои дарсӣ, ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ фаро гирифтани хатмкунандагони мактаб-интернатҳо, бо китобҳои дарсӣ ва омӯзгорон таъмин намудани хонандагони имконияташон маҳдуд, ҷалби бештари лаёқатмандон ба марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштию санитарӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси Ковид-19 дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ва вазорату кумитаҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Сентябрь 4, 2020 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид