ДАР БАРНАУЛ АНҶУМАНИ АССОТСИАТСИЯИ ДОНИШГОҲҲОИ ОСИЁ ДОИР ШУД. Иштирокчиёни онро Президенти Ассотсиатсия, Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода шодбош намуд
ДУШАНБЕ, 25.09.2020 / АМИТ «Ховар» /. Дирӯз, 24 сентябр дар толори консертии Донишгоҳи давлатии Олтойи Барнаул Форуми IV байналмилалии таҳсилотии «Олтой — Осиё 2020: Фазои таълими Авруосиё – чолишҳои нав ва таҷрибаҳои пешқадам» ба кори худ шурӯъ кард. Зиёда аз 700 нафар намояндагони минтақаҳои гуногуни Россия ва 15 кишвари хориҷи наздику дур ба ҳайси иштирокчии «Олтой – Осиё 2020» сабти ном шуданд. Чунин теъдоди ширкаткунандагон ба шарофати формати нави форум — фосилавӣ имконпазир гардид. Пахши мустақими форум, сабти кори майдонҳову намоиши чорабиниҳо, ки дар доираи «Олтай – Осиё 2020» ташкил шудаанд, тавассути шабакаи YouTube сурат гирифта, имкон дод шумораи иштирокчиён ба якчанд ҳазор нафар расад, менависад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Форум, ки аз соли 2012 инҷониб дар донишгоҳи пешсафи кишвари Олтой ташкил карда мешавад, яке аз миқёситарин чорабинӣ дар Федератсияи Россия, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар рушди бозори ҷаҳонии таҳсилот, илм, инноватсия ва ҳамкории байналмилалии фаросарҳадӣ мебошад.
«Масоили татбиқи таҳсилоти олӣ дар заминаи паҳншавии сирояти коронавируси нави COVID-19, ояндаи таҳсилоти рақамӣ ва фосилавӣ, натиҷагирӣ аз кори Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё, ҳамгироии байналмилалӣ ва шарикӣ мавзӯъҳои асосии форуми мо мебошанд. Мо инчунин нақша дорем масъалаҳои иштироки ояндаи ҷомеаи донишгоҳӣ дар татбиқи барномаи стратегии роҳбарии академиро низ баррасӣ намоем», — зикр кард ректори Донишгоҳи давлатии Олтой Сергей Бочаров.
Иштирокчиёни Форуми IV байналмилалии таҳсилотиро, ки 87 шаҳри дунёро намояндагӣ мекунанд, Вазири маориф ва илми кишвари Олтой Максим Костенко, ректори Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н. Гумилёв Эрлан Сидиков тариқи онлайн шодбош гуфтанд ва паёми шодбошии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва академики Академияи илмҳои иҷтимоӣ ва омӯзгории Федератсияи Россия Муҳаммадюсуф Имомзода ироа гардид.
Имрӯз, 25 сентябр, дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Олтой мулоқоти вакилони Анҷумани IV Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё дар доираи Форуми IV байналмилалии таҳсилотии Олтой — Осиё 2020: Фазои таълимии Авруосиё – чолишҳои нав ва таҷрибаҳои пешқадам баргузор гардид.
Ноиби президенти АДО, президенти Донишгоҳи давлатии Олтой Сергей Землюков анҷуманро ифтитоҳ намуда, ёдовар шуд, ки имрӯз 76 донишгоҳ аз 9 кишвари ҷаҳон узви Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё мебошанд. Барои иштирок дар Анҷумани IV Ассотсиатсия, ки бори аввал онлайн ташкил шудааст, 129 вакил аз 55 донишгоҳи АДО аз ҳафт кишвар сабти ном шуданд ва онҳо бо президиуми анҷуман тавассути видеоконфронс тамос доштанд.
Президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва академики Академияи илмҳои иҷтимоӣ ва омӯзгории Федератсияи Россия Муҳаммадюсуф Имомзода зимни паёми шодбошӣ ба вакилони анҷуман, ба созмондиҳандагони чорабинӣ барои ташкили форум, ки новобаста аз вазъи мураккаби эпидемиологии ҷаҳон вобаста ба пондемияи коронавирус ташкил шудааст, изҳори сипос кард.
«Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё худро ҳамчун як иттиҳодияи бонуфуз муаррифӣ кард, ки қодир аст барои рушди мунтазам шароит фароҳам орад ва ҳамкории мутақобилан судмандро дар соҳаи маориф ва илм ба роҳ монад. Дар замони мо оммавигардонӣ ва таблиғи донишҳои илмӣ ҷузъи муҳими рушди ҷомеа ва таҳкими ҳамкории байни кишварҳо мебошад. Боварӣ дорам, ки ғояҳо ва тавсияҳои пешниҳодкардаи ширкаткунандагон ба ҳалли ин вазифаҳо хидмат мекунанд ва дар маҷмӯъ ба таҳкими амиқи ҳамаҷонибаи ҳамкории мутақобилан судманд ба манфиати халқҳои давлатҳои мо мусоидат хоҳанд кард”, — гуфт президенти АДО дар паёми шодбошии худ.
Мавзӯи асосии анҷуман натиҷагирии фаъолияти ташкилот, ҳамоҳангсозии самтҳои асосии фаъолият ва муайян намудани стратегияи рушди Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё ҳамчун платформаи ҳамкории шабакавии донишгоҳҳои пешрафтаи фазои илмӣ ва таълимии Осиё буд. Аз ҷумла, зикр шуд, ки дар давраи фаъолияти Ассотсиатсия миқдори зиёди корҳои илмӣ, экспертию таҳлилӣ, экспедитсияҳои бостонӣ, экспедитсияҳо оид ба омӯхтани гуногунии биологӣ, муносибатҳои этномаданӣ ва миллию конфессионалӣ, амнияти иҷтимоӣ ва равандҳои муҳоҷират дар минтақаи Осиёи Марказӣ анҷом дода шуданд.
Чун анъана, дар доираи анҷумани АДО дархостҳо баррасӣ шуда, 28 донишгоҳи дигар аз Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба ҳайати Ассотсиатсия пазируфта шуданд.
Тибқи низомнома, барои давраи дусоли ояндаи президенти нави Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё интихобот баргузор шуд. Ректори Донишгоҳи миллии Қирғизистон ба номи Жусуп Баласагин Канат Содиқов президенти нав интихоб гардид. Ҳамчунин 6 ноиби президенти ташкилот низ интихоб шуданд. Дар байни онҳо ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода низ ҳаст.








«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Хатлон барои ғолибони даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Моҳи апрел дар Тоҷикистон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Таҳкими худшиносии ҷавонон тавассути тарғиби фарҳангу тамаддун ва таърихи пурғановати миллӣ амали омӯзанда аст
Нашриёти «Орван» китоби «Ҳазор марворид»-ро ба нашр расонид
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон маротибаи аввал озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Барои баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз ҳашт миллион сомонӣ ҷудо мегардад
ХУТАЛИ ҚАДИМ — ПОЙГОҲИ ЗУҲУРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Соли 2026 дар Тоҷикистон симпозиуми байналмилалӣ доир мешавад
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 41 ҳазор нусха китобҳои камистифодашаванда ва нодир нигоҳдорӣ мешаванд
РАҚАМИКУНОНИИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ. Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар таҳрири нав таҳия мегардад
Соли 2026 дар шаҳри Душанбе Театри миллӣ ба истифода дода мешавад
Бахшида ба фаъолияти эҷодии Дона Баҳром ҳамоиши илмӣ –фарҳангӣ баргузор гардид






