Дар Душанбе тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт байни Тоҷикистон ва Япония матраҳ гардид
ДУШАНБЕ, 10.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Агентии ҳамкории байналмилалии Япония /JICA/ дар бахши роҳсозӣ дар мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Роҳбари намояндагии JICA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидеки Танабе баррасӣ гардид. Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ба роҳбари намояндагии мазкур пешниҳод кард, ки дархостҳои грантии лоиҳавии соҳаро барои лоиҳаи «Хариди мошинҳо ва таҷҳизоти махсус барои нигоҳдории роҳҳо» ва лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомолилгарди Балҷувон-Сарихосор», ки ба баррасии ҷониби Япония ирсол шудаанд, ҳамчунин хариди мошину таҷҳизот барои нигоҳдории роҳҳои минтақаи Рашт ва Бадахшонро дастгирӣ намояд.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки бунёду таҷдиди роҳҳо дар мамлакат яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ин аст, ки Тоҷикистон яке аз долонҳои калидии нақлиётию транзитии кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад.
Зикр гардид, ки аз ҳисоби маблағҳои ҷудошудаи Ҳукумати Япония дар соҳаи нақлиёт дар давраи аз соли 2007 то 2013 6 лоиҳаи барқарорсозии роҳҳои автомобилгарди вилояти Хатлон ба маблағи умумии 105,2 миллион доллари амрикоӣ бо дарозии 87,26 км, дар давраи аз соли 2013 то 2018 — 2 лоиҳа барои хариди мошину таҷҳизот барои нигоҳдории роҳҳо дар минтақаҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон, минтақаи Ҳисор ва вилояти Суғд ба маблағи умумии 28,9 миллион доллар, ки дар асоси он 333 мошин ва таҷҳизот харида шудаанд, амалӣ гардиданд.
Аз соли 2013 то 2016 лоиҳаи ҳамкории техникии «Беҳтар намудани нигоҳдории роҳҳо» ба маблағи умумии 2,9 миллион доллари амрикоӣ амалӣ шуд, ки дар доираи он мутахассисони соҳаи роҳ бо истифода аз таҷрибаи мутахассисони Япония дар истифодаи мошину таҷҳизоти таъмир ва нигоҳдории роҳҳо аз омӯзиш гузаштаанд. Инчунин аҳамияти Лоиҳаи татбиқшудаи истифодаи ҳамкории техникии «Такмили иқтидор дар идоракунии пешгирии офатҳои табиӣ дар роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба маблағи умумии 3,6 миллион доллар, ки афзоиши иқтидори Вазорати нақлиёт ва воҳидҳои мақсадноки онро барои андешидани тадбирҳои дахлдор ҷиҳати пешгирӣ ва бартарафсозӣ пешбинӣ шудааст, таъкид карда шуд.
Вазири нақлиёт вобаста ба лоиҳаи «Барқарорсозии қитъаи роҳи автомобилгарди Қизилқалъа-Бохтар» бо ишора ба аҳамияти он барои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат аз роҳбари Агентии JICA хоҳиш намуд, ки дар тезонидани тендер бо иштироки намояндаи сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония ва ё тариқи видеоконфронс бо намояндагони Вазорати нақлиёт мусоидат намояд. Роҳбари намояндагии JICA Хидеки Танабе зикр кард, ки байни JICA ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст. Лоиҳаҳои амалишавандае, ки дар ин мулоқот зикр гардиданд, инро собит месозанд ва Агентии JICA ният дорад минбаъд ҳам соҳаи нақлиёти Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд.








Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд






