Дар Душанбе тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт байни Тоҷикистон ва Япония матраҳ гардид

Сентябрь 10, 2020 11:30

ДУШАНБЕ, 10.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Агентии ҳамкории байналмилалии Япония /JICA/ дар бахши роҳсозӣ дар мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Роҳбари  намояндагии JICA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидеки Танабе баррасӣ гардид. Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ба  роҳбари намояндагии мазкур пешниҳод кард, ки дархостҳои грантии лоиҳавии соҳаро барои лоиҳаи «Хариди мошинҳо ва таҷҳизоти махсус барои нигоҳдории роҳҳо» ва лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомолилгарди Балҷувон-Сарихосор», ки ба баррасии ҷониби Япония ирсол шудаанд, ҳамчунин хариди мошину таҷҳизот барои нигоҳдории роҳҳои минтақаи Рашт ва Бадахшонро дастгирӣ намояд.

Дар  мулоқот таъкид шуд, ки бунёду таҷдиди роҳҳо дар мамлакат яке аз самтҳои  афзалиятноки сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ин аст, ки Тоҷикистон яке аз долонҳои калидии нақлиётию транзитии кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад.

Зикр гардид, ки аз ҳисоби маблағҳои ҷудошудаи Ҳукумати Япония дар соҳаи нақлиёт дар давраи аз соли 2007 то 2013   6 лоиҳаи барқарорсозии роҳҳои автомобилгарди вилояти Хатлон ба маблағи умумии 105,2 миллион доллари амрикоӣ бо дарозии 87,26 км, дар давраи аз соли 2013 то 2018 — 2 лоиҳа барои хариди мошину таҷҳизот барои нигоҳдории роҳҳо дар минтақаҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон, минтақаи Ҳисор ва вилояти Суғд ба маблағи умумии 28,9 миллион доллар, ки дар асоси он 333 мошин ва таҷҳизот харида шудаанд, амалӣ гардиданд.

Аз соли 2013 то 2016 лоиҳаи ҳамкории техникии «Беҳтар намудани нигоҳдории роҳҳо» ба маблағи умумии 2,9 миллион доллари амрикоӣ амалӣ шуд, ки дар доираи он мутахассисони соҳаи роҳ бо истифода аз таҷрибаи мутахассисони Япония дар истифодаи мошину таҷҳизоти таъмир ва нигоҳдории роҳҳо аз омӯзиш гузаштаанд. Инчунин аҳамияти Лоиҳаи татбиқшудаи истифодаи ҳамкории техникии «Такмили иқтидор дар идоракунии пешгирии офатҳои табиӣ дар роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба маблағи умумии 3,6 миллион доллар, ки афзоиши иқтидори Вазорати нақлиёт ва воҳидҳои мақсадноки онро барои андешидани тадбирҳои дахлдор ҷиҳати пешгирӣ ва бартарафсозӣ пешбинӣ шудааст, таъкид карда шуд.

Вазири нақлиёт вобаста ба лоиҳаи «Барқарорсозии қитъаи роҳи автомобилгарди Қизилқалъа-Бохтар» бо ишора ба аҳамияти он барои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат аз роҳбари Агентии JICA хоҳиш намуд, ки дар тезонидани тендер бо иштироки намояндаи сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония ва ё тариқи видеоконфронс бо намояндагони Вазорати нақлиёт мусоидат намояд. Роҳбари намояндагии JICA Хидеки Танабе зикр кард, ки байни JICA ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст. Лоиҳаҳои амалишавандае, ки дар ин мулоқот зикр гардиданд, инро собит месозанд ва Агентии JICA ният дорад минбаъд ҳам соҳаи нақлиёти Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд.

Сентябрь 10, 2020 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мешавад
120 гектар замини канори деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент бо оби полезӣ таъмин мегардад
Масъалаи тезонидани корҳо оид ба тармим ва навсозии нақби «Истиқлол» дар Душанбе баррасӣ гардид