Дар Исфара «Академия Контакт Интернэшнл» ба фаъолият шурӯъ намуд
ДУШАНБЕ, 02.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара нахустин муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Академия Контакт Интернэшнл» ба фаъолият шурӯъ намуд.
Тавра аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, муассисаи таълимии мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати мамлакат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нарзуллоҷон Ӯлмасов таъсис дода шудааст.
«Академия Контакт Интернэшнл» дорои муосиртарин шароит барои илмомӯзӣ буда, аз 13 ҳуҷраи муҷаҳҳази фаннӣ, ҳуҷраи компютерӣ бо 12 адад компютер, синфхонаҳо барои гурӯҳи омодагӣ ба мактаб ва синфҳои ибтидоӣ, ки ҳар яке аз ҳуҷраҳои фаннии дорои лавҳаҳои электронӣ, тахтаи пластикӣ ва проэктор иборат мебошанд, ташкил карда шудааст.
Таълимгоҳ ҳамчунин дорои китобхона, ошхона бо 120 ҷойи нишаст, толори муосири варзишӣ, хобгоҳ барои 60 толибилм ва устохонаи таълимӣ мебошад.
Раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода зимни ифтитоҳи муассиса иброз дошт, ки дар шароити кунунӣ илму дониш нишондиҳандаи асосии дараҷаи инкишофи ҳар давлату миллат буда, бо раванди рушди неруи инсонӣ робитаи мустақим дорад.
«Аз ҳамин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020 – 2040-ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф эълон карда, тамоми сохторҳои илму маориф ва муассисаҳои иҷтимоиро вазифадор намудаанд, ки ба таълими илмҳои табииву риёзӣ зиёдтар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва мафкураи техникии насли наврасро қавӣ гардонанд»,- гуфт номбурда.








ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд






