Генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи якҷояи вазирони мудофиаи кишварҳои СҲШ, ИДМ ва СААД ширкат варзид
ДУШАНБЕ, 05.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар боғи «Патриот»-и вилояти Москва таҳти роҳбарии Вазири мудофиаи Федератсияи Россия, генерали артиш Сергей Шойгу ҷаласаи якҷояи вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид. Дар ҷаласа Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо низ ширкат варзид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Дар ҷаласа вазирони мудофиаи кишварҳои СҲШ, ИДМ ва СААД ба тавофуқ расиданд, ки ҳамкориро дар мубориза бар зидди терроризм густариш диҳанд.
Илова бар ин, дар ҷаласа вазирони мудофиа тадбирҳои имконпазири расонидани кумаки мутақобила ва фароҳам овардани иқтидори вокуниш ба таҳдидҳои биологӣ, аз ҷумла фаъолияти ҳарбии биологии давлатҳои ғайриминтақаро муҳокима карда, доир ба рафъи оқибатҳои паҳншавии сирояти коронавирус табодули афкор намуданд.










Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд






