«КАМАРОБ». Таҳти ин унвон аз ҷониби олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби пурарзиши илмӣ нашр шуд
ДУШАНБЕ, 27.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Камароб» — таҳти чунин унвон аз ҷониби олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби пурарзиши илмӣ рӯи чоп омад.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ, доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев иброз намуд, дар китоб натиҷаҳои илмии экспедитсияи олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷамъбаст гардида, оид ба мавқеи ҷойгиршавӣ, шароити табиӣ ва иқлимӣ, сохти геологӣ, ҳолати сейсмикӣ, олами набототу ҳайвонот, захираҳои обӣ ва вазъи радиатсионии мавзеи Камароб ва дигар мавзеъҳои нотакрори ноҳияи Рашт маълумоти муҳими илмӣ гирд оварда шудаанд.
Ба нақли олими тоҷик, яке аз гӯшаҳои зебоманзаре, ки бо гуногунии бойи биологӣ ва табиати афсонавиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъмул аст — ин водии Рашт ба шумор меравад, ки дар масофаи бештар аз 200 км аз шаҳри Душанбе, дар қисми шарқии мамлакат ҷойгир аст. Сокинони ин водии зархез дар рушду нумӯи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ саҳми аразанда дошта, деҳқонон ва мардуми меҳнатқарини ноҳияи Рашт аз қадимулайём бо зироатчигӣ, чорводорӣ ва боғдорӣ шӯҳрати хосса доранд. Меваҳои шаҳдбори боғбонони ин водӣ дар таърихи тӯлонӣ зеби дастархони мардуми Осиёи Марказӣ ва берун аз он будаанд.
«Тоҷикистон дорои генофонди бойи набототу ҳайвонот аст, вале солҳои охир дар ҳудуди ҷумҳурӣ коҳиш ёфтани гуногунии биологӣ ба чашм мерасад. Экосистемаҳои кӯҳии Тоҷикистон қисмати муҳими комплексҳои табиии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Ҳаёти мардум дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон ба вазъи экологии экосистемаҳо ва ҳолати гуногунии биологӣ алоқамандии зич дорад. Солҳои 90-уми асри гузашта аз сабаби вазъи мушкили иқтисодӣ аз ҷониби аҳолӣ буридани дарахту буттаҳо ба вуқӯъ пайваст, талу нишебиҳо ба таври васеъ барои кишт намудани зироати ғалладонагӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки ин раванд ба олами набототу ҳайвоноти минтақаҳои табиии Тоҷикистон таъсири манфӣ расонд. Вале солҳои соҳибистиқлолии мамлакат пеши роҳи ин ҳолатҳо гирифта шуданд ва ин хатарҳо ҳоло хеле кам гаштаанд», — зикр кард доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта гурӯҳи олимони АМИТ дар ҳайати беш аз 45 нафар бори аввал дар таърихи илми табиатшиносии Тоҷикистон дар ҳудиди ноҳияи Рашт экспедитсияи гуногунҷабҳаи илмӣ анҷом доданд.
Зимни экспедитсияи илмӣ, махсусан тавсифи гуногунӣ ва гуногунрангии табиати афсонавии ноҳияи Рашти бостонӣ, алалхусус мавзеи хушманзари Камароб, Боғи ботаникии деҳаи Ҷафр ва дигар мавзеъҳои кӯҳии водии Рашт диққати олимони АМИТ-ро ба худ ҷалб намуд.








Ҳайати ҳунарии Театри давлатии академии опера ва балет дар Операи Рим ҳунарнамоӣ менамояд
ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 3 миллион нусхаи чопӣ нигоҳдорӣ мешавад
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Тоҷикистон сабадбофӣ бо шакли муосир рушд меёбад
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегарданд
Оид ба муоширати бисёрфарҳангӣ, нақши забонҳо, адабиёт ва илм дар рушди ҷомеаи муосир конфронси байналмилалӣ доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Анқара дастовардҳои китобдорӣ ва рақамикунонии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
«ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон дар Ҷумҳурии Арабии Миср маҷалла бо забони арабӣ нашр гардид
Китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» бо 7 забон тарҷума ва нашр гардид
Дар шаҳри Дюсселдорф барномаи фарҳангии тоҷикон баргузор гардид
Дар Донишкадаи санъати театрии Русия намоиши театрии «Ҷавонии Мушфиқӣ» баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оид ба нақши оила дар камолоти маънавии фарзанд ҳамоиш доир шуд






