«КАМАРОБ». Таҳти ин унвон аз ҷониби олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби пурарзиши илмӣ нашр шуд

Сентябрь 27, 2020 08:47

ДУШАНБЕ, 27.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Камароб» — таҳти чунин унвон аз ҷониби олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби пурарзиши илмӣ рӯи чоп омад.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ, доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев иброз намуд,  дар китоб натиҷаҳои илмии экспедитсияи олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷамъбаст гардида, оид ба мавқеи ҷойгиршавӣ, шароити табиӣ ва иқлимӣ, сохти геологӣ, ҳолати сейсмикӣ, олами набототу ҳайвонот, захираҳои обӣ ва вазъи радиатсионии мавзеи Камароб ва дигар мавзеъҳои нотакрори ноҳияи Рашт  маълумоти муҳими илмӣ гирд оварда шудаанд.

Ба нақли олими тоҷик, яке аз гӯшаҳои зебоманзаре, ки бо гуногунии бойи биологӣ ва табиати афсонавиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъмул аст — ин водии Рашт ба шумор меравад, ки дар масофаи бештар аз 200 км аз шаҳри Душанбе, дар қисми шарқии мамлакат ҷойгир аст.  Сокинони ин водии зархез дар рушду нумӯи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ саҳми аразанда дошта, деҳқонон ва мардуми меҳнатқарини ноҳияи Рашт аз қадимулайём бо зироатчигӣ, чорводорӣ ва боғдорӣ шӯҳрати хосса доранд. Меваҳои шаҳдбори боғбонони ин водӣ дар таърихи тӯлонӣ зеби дастархони мардуми Осиёи Марказӣ ва берун аз он будаанд.

«Тоҷикистон дорои генофонди бойи набототу ҳайвонот аст, вале солҳои охир дар ҳудуди ҷумҳурӣ коҳиш ёфтани гуногунии биологӣ ба чашм мерасад. Экосистемаҳои кӯҳии Тоҷикистон қисмати муҳими комплексҳои табиии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Ҳаёти мардум дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон ба вазъи экологии экосистемаҳо ва ҳолати гуногунии биологӣ  алоқамандии зич дорад. Солҳои 90-уми асри гузашта аз сабаби вазъи мушкили иқтисодӣ аз ҷониби аҳолӣ буридани дарахту буттаҳо ба вуқӯъ пайваст, талу нишебиҳо ба таври васеъ барои кишт намудани зироати ғалладонагӣ  мавриди истифода қарор дода шуд, ки ин раванд ба олами набототу ҳайвоноти минтақаҳои табиии Тоҷикистон таъсири манфӣ расонд. Вале солҳои соҳибистиқлолии мамлакат пеши роҳи ин ҳолатҳо гирифта шуданд ва ин хатарҳо ҳоло хеле кам гаштаанд», — зикр кард доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта гурӯҳи олимони АМИТ дар ҳайати беш аз 45 нафар бори аввал дар таърихи илми табиатшиносии Тоҷикистон дар ҳудиди ноҳияи Рашт  экспедитсияи гуногунҷабҳаи илмӣ анҷом доданд.

Зимни экспедитсияи илмӣ, махсусан тавсифи гуногунӣ ва гуногунрангии табиати афсонавии ноҳияи Рашти бостонӣ, алалхусус мавзеи хушманзари Камароб, Боғи ботаникии деҳаи Ҷафр ва дигар мавзеъҳои кӯҳии водии Рашт диққати олимони АМИТ-ро ба худ ҷалб намуд.

Сентябрь 27, 2020 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид