МОИ «Кӯлоб» бо МОИ «Ҷизак» ва «Ғиждувон» Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
ДУШАНБЕ, 22.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди муносибатҳо ва тақвияти ҳамкории дуҷониба байни Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои озоди иқтисоди «Ҷизак» ва «Ғиждувон»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат иттилоъ доданд, Ёддошти тафоҳум зимни сафари ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (17-18 сентябр) аз ҷониби роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодии мазкур ба имзо расонида шуд.
Дар доираи сафари ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд мулоқотҳо низ баргузор гардиданд.
Дар вохӯриҳо ба меҳмонон оид ба МОИ «Кӯлоб», самтҳои афзалиятноки он, мавқеи ҷуғрофӣ, инфрасохтор, имтиёзҳои андозию гумрукӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҷойдошта маълумоти муфассал пешниҳод гардида, барои ҷалби бештари сармояи мустақим аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба минтақаи озоди иқтисодии мазкур ва дар ин замина бунёд намудани корхонаҳои нави саноатӣ ва муштарак дар ҳудуди он таклифҳои мушаххас пешниҳод карда шуданд.








Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад






