ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Сентябрь 10, 2020 08:10

ДУШАНБЕ, 10.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр  ва тағйирёбандаи бебориш  мешавад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва  дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад.    Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 9+14 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр  ва дар баъзе ноҳияҳо  тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12  ва рӯзона 19+24  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри  бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10+15  ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 10+15 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 24 +29 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 10+12 ва  рӯзона 31+33 дараҷа гарм мешавад.

Сентябрь 10, 2020 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад