Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи самараноки қитъаи замини наздиҳавлигии оилаи Воисовҳо дар шаҳри Панҷакент шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 12.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар деҳаи Бостондеҳи деҳоти Саразм аз истифодаи оқилонаи замини наздиҳавлигии бародарон Абдурауф ва Адҳам Воисовҳо дидан намуданд.
Масоҳати замини дар ихтиёрдоштаи бародарон Воисовҳо 1000 метри мураббаъро ташкил дода, 10 садякаш қитъаи зироаткории ин оиларо ташкил медиҳад. Хоҷагидорон бо мақсади истифодаи оқилонаи замин дар доираи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, анвои гуногуни зироати кишоварзӣ, аз ҷумла помидору бодиринг, сабзӣ, картошкаву пиёз, шалғам, турб, карам, қаламфури булғорӣ, маккаи дон, лӯбиёгӣ ва дигар зироати кишоварзӣ кишт намудаанд.
Дар самти боғдорӣ низ дар хоҷагии Воисовҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, 6 навъи дарахтони мевадиҳанда асоси боғи наздиҳавлигии онҳоро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки бародарон Абдурауф ва Адҳам Воисовҳо ҳамасола аз ҳамин замини наздиҳавлигӣ 2 ҳосил гирифта, дар баробари таъмини эҳтиёҷоти оила, ҳамзамон анвои гуногуни маҳсулотро низ ба фурӯш мебароранд. Имcол ин деҳқонони асил майдони кишти картошкаро 2 баробар зиёд намуда, ҳосили хуб ба даст оварданд. Ҳоло баъди гирифтани ҳосили якум бародарон кишти дуюми зироатро ба роҳ мондаанд, ки нашъунамои хуб дорад.
Пешвои муаззами миллат ба оилаи Воисовҳо барои истифодаи самараноки замин ва ба ин восита дастгирӣ намудани сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, ба бародарон ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли анвои гуногуни маҳсулот ва рушди боғу токзор дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат ҳамчунин аз намоиши маҳсули заҳмати бародарон ва захираи маводи озуқаи ин оила дидан намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола бонувони хонаводаи Воисовҳо аз ҳосили замини наздиҳавлигии худ ва боғоти он маҷмӯи гуногуни хӯрданиҳо, аз ҷумла мураббо, шарбати мева ва намудҳои гуногуни хӯришҳо захира менамоянд. Захираи картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ ва дигар намуди лӯбиёгиҳо низ маҳз аз ҳамин замин аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳорати кадбонугии бонувони хонавода ҷиҳати омода намудани таомҳои миллӣ баҳои баланд доданд. Дар ҳамин ҷо ҳамчунин ҷиҳати дастгирии сиёсати Ҳукумати мамлакат дар самти истифодаи самараноки замин ба бародарон Абдурауф ва Адҳам Воисовҳо туҳфаҳои Пешвои миллат тақдим карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар деҳоте, ки бародарон Воисовҳо ба сар мебаранд, беш аз 34 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ карда, ҳамаи онҳо тавассути самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ҳамасола то 2 ҳосил ба даст меоранд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони навтаъйини давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд






