Таҳти унвони «Куруши Кабир» асари таърихӣ ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 17.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти унвони «Куруши Кабир» асари таърихии нависанда Аҳмади Иброҳим нашр гардид, ки омӯзиши он барои хонанда саҳифаҳои таърихи куҳани мардуми тоҷикро равшан менамояд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Китоби «Куруши Кабир» ба мисли асарҳои «Спитаман, Катан Тахористон…» ва «Ҷаҳиши охирини бабр» аз лиҳози воқеаву рӯйдодҳо бо истинод ба маводи таърихӣ иншо гардида, хеле дақиқу аниқ саргузашти куҳани аҷдодони моро бо бадеияти баланду ҷолиб тасвир намудааст.
Муаллиф бо маҳорати баланди эҷодиву бадеӣ дар ҳақиқат Куруши таърихӣ офаридааст. Асар дар тарбияи маънавии хонандагон ва ташаккули ҳувияти миллии онҳо мавқеи сазовор ишғол менамояд.
Дар китоб омадааст, ки «Куруши Кабир ба халқҳо ва сарзамини Осиёи Миёна, хусусан Суғду Истаравшан, Балху Бохтар ва дигар маҳаллаҳои ин минтақа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҳатто дар наздикии Истаравшан шаҳре бо номи Курушкада бунёд намуда буд».








Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд






