17 корхонаи саноатии Хуҷанд ба давлатҳои хориҷӣ ба маблағи 194,0 млн сомонӣ маҳсулот содирот намудаанд

Октябрь 27, 2020 16:42

ДУШАНБЕ, 27.10.2020. /АМИТ Ховар/. Давоми 9 моҳи соли равон аз ҷониби  17 корхонаи саноатии шаҳри Хуҷанд ба давлатҳои хориҷии дуру наздик ба маблағи 194,0 млн. сомонӣ маҳсулот содирот карда шуд, ки ҳиссаи он дар маҷмўи маҳсулоти саноатӣ 36,5 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ “Ховар” дар вилояти Суғд аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд.

Инчунин аз ҷониби 64 адад корхонаҳои хурду калон ба маблағи 309,1 млн. сомонӣ маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 65,8 млн. сомонӣ ё 27,0 фоиз зиёд мебошад.

Зикр гардид, ки мувофиқи нишондиҳандаҳои оморӣ, ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба 1047,5 миллион сомонӣ расида, аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 397,0 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид. Он нисбат ба нишондиҳандаи соли сипаригашта 21,9 фоиз зиёд ва корхонаҳои хизматрасонии соҳаи саноат 145,2 млн. сомонӣ ё 18,1 фоиз зиёд мебошад.

Инчунин дар давраи паҳншавии пандемияи сироятии коронавирус баҳри таъминоти аҳолӣ ва муассисаҳои тандурустӣ аз ҷониби 13 корхонаи саноатӣ зиёда аз 4,2 млн. дона ниқобҳо, либоси махсуси тиббӣ ва маводи антисептикӣ ба маблағи зиёда аз 47,0 млн. сомонӣ истеҳсол карда шудааст, ки қаблан ин намуд мавод аз хориҷи мамлакат ворид мегардиданд.

 

 

Октябрь 27, 2020 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад