Ҷаласаи нуздаҳуми вазирони давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардид

Октябрь 29, 2020 13:22

ДУШАНБЕ, 29.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо иштироки муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода ҷаласаи нуздаҳуми вазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), масъули фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва савдои беруна дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.

Дар ҷаласа таваҷҷуҳи асосӣ ба вазифаҳои афзалиятноки рушди СҲШ бо мақсади рафъи оқибатҳои иҷтимоӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодии пандемияи коронавируси COVID-19, пешгирии таъсири манфии он ба амният ва суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ равона карда шуд.

Абдураҳмон Абдураҳмонзода зикр кард, ки тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти кам кардани паёмадҳои манфии пандемияи коронавирус ба иқтисоди миллӣ натиҷабахш мебошанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо назардошти сари вақт роҳандозии чораҳои зиддибуҳронӣ рушди иқтисоди миллӣ дар нуҳ моҳи соли 2020 ба 4,2 фоиз баробар шуд.

Дар ҷараёни ҷаласа роҳбарони ҳайатҳо доираи васеи масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории минтақавии иқтисодиро баррасӣ карда, аз ҷумла оид ба ҳолат ва дурнамои ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисоди рақамӣ ва сармоягузорӣ дар фазои СҲШ мубодилаи афкор намуданд.

Инчунин иштирокчиёни ҷаласа аҳамияти ҳамкориро дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт ва логистика, туризм, кишоварзӣ, саноат, энергетика ва технологияҳои иттилоотӣ таъкид намуданд.

Октябрь 29, 2020 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад