Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ соҳибкор Алиҷон Аралов корхонаи парандапарварӣ бунёд мекунад

Октябрь 31, 2020 09:50

ДУШАНБЕ, 31.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар деҳаи Қизил-Юлдузи ҷамоати Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Алиҷон Аралов корхонаи парандапарварӣ ба фаъолит оғоз мекунад. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба гуфти Алиҷон Аралов, барои рушди ибтидоии корхона аз фабрикаи парандапарварии ноҳияи Шаҳринав 500 мурғи тухмдори зоти голландӣ харида шуд, ки онҳоро коргарони маҳаллӣ нигоҳубин мекунанд. Тухмҳои  истеҳсолшуда ҳар рӯз яклухт ва бо нархи дастрас ба бозор пешниҳод мегарданд.

Биное, ки дар он  фабрикаи парандапарварӣ сохта мешавад, солҳои дароз бекор буда, ба таъмир ниёз дошт. Инак як қисми он таъмир ва  қисми дигараш навсозӣ гардид. Масъулин ният доранд, ки баъди ба итмом расидани таъмир чӯҷаҳои зоти бройлер ва марҷон оварда, фаъолияташонро рушд диҳанд ва дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм гузоранд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо дастуру супоришҳои Президенти мамлакат барои рушди соҳибкории хурду миёна шароит муҳайё менамояд. Масъулин нақша доранд, ки ба соҳибкор Алиҷон Аралов барои рушди соҳаи парандапарварӣ қитъаи замин барои кишти ҷуворимакка ва зироати хӯроки чорво ҷудо намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар 9 моҳи соли равон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 4.816,8 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст.

Октябрь 31, 2020 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад