ҶДММ «Ваҳдат»-и ноҳияи Ёвон ба истеҳсоли дастпӯшакҳои бофташудаи сохтмонӣ шурӯъ намуд
ДУШАНБЕ, 13.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли намудҳои нави маҳсулоти ивазкунандаи воридот дар заминаи ҶДММ «Ваҳдат»-и ноҳияи Ёвон коргоҳи нав бо васлу насби дастгоҳҳои ҳозиразамон оид ба истеҳсоли дастпӯшакҳои бофташудаи сохтмонӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз бахши котиботи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур дар як шабонарӯз зиёда аз 25 ҳазор ҷуфт дастпӯшакҳои бофташудаи сохтмониро ташкил дода, сифати маҳсулот ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ мебошад. Корхона омода аст, ки бо ширкатҳои сохтмонӣ ҷиҳати таъмини талабот бо дастпӯшакҳои зикргардида ҳамкориро тақвият диҳад.
Дар ҷамъияти мазкур коргоҳи дӯзандагӣ бо истифода аз 50 дастгоҳи дарздӯзӣ фаъолият дошта, дӯхти либоси мактабӣ роҳандозӣ гардидааст. Ҳоло дар ҷамъият дар маҷмӯъ 80 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки ҶДММ «Ваҳдат» дар ноҳияи Ёвон соли 2014 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз намуда, барои пешрафти соҳаи кешбофии (трикотажии) мамлакат саҳми назаррас дорад.








ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад






