Ду донишгоҳи олии маъруфи Тоҷикистон бо котиботи Шӯрои АБП ИДМ шартномаҳои ҳамкорӣ имзо намуданд

Октябрь 9, 2020 08:38

ДУШАНБЕ, 09.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 октябр дар Душанбе бо Котиботи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии (АБП) Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) шартномаҳои ҳамкорӣ имзо намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти АБП ИДМ иттилоъ доданд.

Созишномаи байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Котиботи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шаклҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз ҷумла иштирок дар таҳияи санадҳои қолабии қонунгузорӣ, арзёбии коршиносии онҳо, баргузории конфронсҳои илмӣ-амалӣ, симпозиумҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои вобаста ба масъалаҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайнро пешбинӣ менамояд.

Дмитрий Кобитский, дабири кулли Шӯрои АБП ИДМ аз оғози ҳамкорӣ истиқбол ва изҳори умедворӣ кард, ки онҳо фаъолона сурат хоҳанд гирифт.

Ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода низ аҳамияти имзои созишномаро барои донишгоҳ зикр ва иброз кард, ки ҳамкорӣ бо созмони байналмилалӣ, ки дар фазои ИДМ фаъолият мекунад, имконоти нави рушди муколамаи илмиро бо мутахассисони кишварҳои дигар фароҳам месозад.

Созишномаи имзонамудаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва котиботи Шӯрои АБП ИДМ ҳамкориро дар самти гузаронидани таҳқиқоти илмӣ оид ба масъалаҳои мубрами қонунгузории қолабии АБП ИДМ, мусоидат дар рушди принсипҳои демократӣ ва шаклҳои парламентаризм дар давлатҳои Иттиҳод, ташаккули фазои ягонаи таълимии Иттиҳод, коркард ва татбиқи барномаҳои илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангӣ пешбинӣ менамояд.

Созишномаро ректори Академия  Абдухалил Ғафурзода ва дабири кулли Шӯрои АБП ИДМ Дмитрий Кобитский имзо карданд.

Бояд зикр кард, ки Дмитрий Кобитский дар ҳайати гурӯҳи нозирони байналмилалӣ аз АБП ИДМ, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро назорат мекунад, дар Душанбе қарор дорад.

Октябрь 9, 2020 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон