Хазинаи Байналмилалии Асъор тадбирҳои зиддибуҳронии Ҳукумати Тоҷикистонро натиҷабахш арзёбӣ намуд
ДУШАНБЕ, 29.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябри соли 2020 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Роҳбари миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Падамжа Ханделвал дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо тамоюлҳои иқтисоди ҷаҳон, ҷамъбасти натиҷаҳои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар 9 моҳи соли 2020, таъсири хавфҳои дохилию берунӣ, бахусус паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон, ислоҳоти анҷомдодашуда ва чораҳои зиддибуҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тақвият додани самтҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
Зикр гардид, ки бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зарурӣ таъсири пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус соҳаҳои молия, савдо ва хизматрасонӣ, аз ҷумла боркашонию мусофиркашонӣ эҳсос мегардад.
Ҳамин тариқ, дар 9 моҳи соли 2020 рушди иқтисодиёти мамлакат 4,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 банди фоизӣ кам аст.
Ҳамзамон зикр гардид, ки дар мавриди сари вақт роҳандозӣ нагардидани чораҳои зиддибуҳронӣ рушди иқтисоди миллӣ дар нуҳ моҳи соли 2020 эҳтимол ба 1,2 фоиз ба ҷойи 4,2 фоиз баробар мешуд.
Ҷониби ХБА тадбирҳои зиддибуҳронии андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар муқоиса ба дигар кишварҳо самаранок ва натиҷабахш арзёбӣ намуд.
Бинобар ин ХБА дар асоси натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дурнамои худро оид ба рушди иқтисодии Тоҷикистон бозбинӣ намуда, онро аз 2 фоиз таназзули қаблӣ то ба 1 фоизи рушд баланд намуд.








Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд






