Кишоварзони ноҳияи Ҳамадонӣ нақшаи ҷамъоварии пахтаро беш аз 100 фоиз иҷро намуданд

Октябрь 31, 2020 10:20

ДУШАНБЕ, 31.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон то 30 октябр 13158,8 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки ин баробари 100,01 фоизи иҷрои дурнамои тасдиқгардида мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 22,4 сентнериро ташкил медиҳад.

Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хабар медиҳад.

Имсол хоҷагиҳои ноҳияи Ҳамадонӣ дар майдони 5874 гектар кишти пахта гузарониданд. Аз майдони умумии кишти ин навъи зироат тибқи дурнамо мебоист 13 158 тонна пахта истеҳсол карда мешуд. Иҷрои нақшаро ҷамоатҳои деҳоти Қаҳрамон 100,09 фоиз, Меҳнатобод 100,16 фоиз, Даштигуло 100.25 фоиз, Панҷрӯд 100.01 фоиз, Чубек 100.17 фоиз ва Панҷоб 100.02 таъмин намуданд.

Дар ин шабу рӯз кишоварзон бо истифода аз обу ҳавои мусоид барои пурра ҷамъоварӣ намудани пахтаи боқимонда ва супоридани он ба корхонаҳо тамоми имконоти мавҷударо истифода менамоянд.

Октябрь 31, 2020 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад