Кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар як рӯз 320 тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 28.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров имсол нақша доранд, ки ба хирмани мамлакат 18 200 тонна пахта ҳамроҳ намоянд. То имрӯз кишоварзон 13 234 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ кардаанд. Пахтакорони ноҳия ҳамарӯза бо кумаки ҳашарчиён беш аз 320 тонна пахта чида, ба хирман месупоранд.
Дар ин бора аз шуъбаи иттилооти раиси вилояти Суғд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Кооперативи тиҷоратии ба номи Ҷаббор Расулови Ҷамоати деҳоти Ёва рафта, бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили пахта шинос гардид. Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо масъулини соҳаи кишоварзии вилоят ва ноҳия таъкид кард, ки кишоварзон бояд бо истифода аз рӯзҳои офтобии фасли тирамоҳ ҷамъоварии ҳосилро ҳарчи зудтар ба анҷом расонанд»,-афзуд манбаъ.








Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






