КМИР иштироки ВАО-и хориҷӣ ва маҳаллиро дар интихоботи Президенти Тоҷикистон бо тартиби махсус муайян намудааст

Октябрь 9, 2020 14:03

ДУШАНБЕ, 09.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади инъикоси раванди интихобот дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 нафар намояндагони воситаҳои ахбори дохилӣ ва 37 нафар  намояндагони воситаҳои ахбори хориҷӣ аккредитатсия карда шуданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти КМИР ба  АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2020 Тартиби иштироки намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ва маҳаллӣ дар Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст.

Дар он аз ҷумла, омадааст, ки  Тартиби иштироки намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ва маҳаллӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – ҳамин Тартиб) мутобиқи моддаҳои 4 ва 12-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», бо назардошти талаботи Конвенсия «Дар бораи стандартҳои интихоботи демократӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои интихоботӣ дар давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 октябри соли 2003 ба тасвиб расидааст ва Ҳуҷҷати ҷаласаи Копенҳаген оид ба омилҳои инсонии Шӯрои амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ШАҲА), ки 29 июни соли 1990 қабул шудааст, таҳия гардидааст.

Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ва маҳаллӣ фаъолияти худро ҷиҳати расонидани иттилоот ба аҳолӣ дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва ҳамин Тартиб анҷом медиҳанд.

Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ва маҳаллӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳтиром ва риоя намоянд.

Намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ доранд:

— дар ҷаласаҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссияҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, инъикоси фаъолияти онҳоро таъмин созанд, дар маъракаҳои оммавии таблиғотӣ иштирок карда, ҷараёни гузаронидани онҳоро дар воситаҳои ахбори омма инъикос намоянд, дар участкаҳои интихоботӣ, бинои овоздиҳӣ, аз ҷумла ҳангоми овоздиҳӣ, ҳисоби овозҳои интихобкунандагон, муқаррар намудани натиҷаҳои овоздиҳӣ ва интихобот ҳузур дошта бошанд, бо натиҷаи баррасии арзу шикоятҳо вобаста ба вайрон кардани қонунгузории интихобот шинос шаванд, ба намояндагони комиссияҳои интихобот, бе дахолат ба кори онҳо, оид ба мушоҳидаҳои худ иттилоъ диҳанд, баъди ба анҷом расидани овоздиҳӣ ақидаи худро оид ба омодагӣ ва баргузории интихобот ошкоро изҳор намоянд.

 Намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ надоранд:

-ҳангоме ки интихобкунандагон дар бюллетенҳои интихоботӣ қайдҳои худро мегузоранд, дар ҳуҷраи овоздиҳӣ ҳозир бошанд, дар рӯзи интихобот ба интихобкунандагон таъсир расонанд, ягон хел мавод ё адабиёти таблиғотӣ паҳн намоянд,  дар ҷараёни баргузории овоздиҳӣ нисбат ба номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалият баён намоянд, аз интихобкунандагон ба тарафдории кӣ овоз додани онҳоро пурсанд, ба интихобкунандагон бюллетенҳои  интихоботиро  супоранд, бо хоҳиши интихобкунанда барои гирифтани бюллетен имзо гузоранд, амале содир намоянд, ки махфӣ будани овоздиҳиро халалдор созад, дар ҳисоби бюллетенҳо, ки аз тарафи аъзои комиссияи участкавии интихобот анҷом дода мешавад, бевосита иштирок намоянд, амале содир намоянд, ки ба кори комиссияи интихоботӣ монеъ шавад, дар қабули қарори комиссияи дахлдори интихоботӣ иштирок намоянд.

Дар мавриди халал расонидан ба раванди интихобот, махфияти овоздиҳии пинҳонӣ, дахолат ба кори комиссияи участкавии интихобот аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ва маҳаллӣ, комиссияи участкавии интихобот намояндаи воситаи ахбори оммаро аз бинои овоздиҳӣ берун намуда, баъд аз қабули қарори дахлдор фавран дар ин бора ба комиссияи ҳавзавии дахлдори интихобот ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар муқаррароти хотимавии Тартиби мазкур омадааст, ки дар ҳолати аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ ва банди 14 ҳамин Тартиб, аз ҷумла инъикоси танҳо тарафҳои манфии раванди интихобот, гумроҳ кардани интихобкунандагон ва дигар субъектҳои раванди интихобот, паҳн кардани маводи сохта, беасос ва ё бардурӯғ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё комиссияи ҳавзавии интихобот мувофиқан қарорро дар бораи бақайдгирии воситаи ахбори оммаи хориҷӣ ва ё маҳаллӣ, инчунин намояндагони он бекор намуда, шаҳодатномаи додашударо беэътибор мекунад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи дар банди 16 ва 17 ҳамин Тартиб пешбинигардидаро барои баррасӣ ва чораҷӯӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамояд.

Октябрь 9, 2020 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶАҲОНРО БА ДОНИШ ТАВОН ЁФТАН…». Андешаҳо дар ҳошияи таъкидҳои Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
«ТОҶИКИСТОН-ПЕШОҲАНГИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР ҶАҲОН». Таҳти ин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ЭЪЛОН! 14 ва 15 март мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин аз тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ такроран пахш карда мешавад
НАЗАРИ КОРШИНОС. Масъалаи дарки манфиати миллӣ ва ҳимояи он аз тамоми ҷомеа, хосса ходимони дин дониши баланди сиёсӣ талаб менамояд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. ЮНИСЕФ ният дорад, ки дар Тоҷикистон шабакаи «Ҷавонон барои захираҳои об ва иқлим» таъсис диҳад
Сарвари давлат занон-модаронро ба сарфаю сариштакорӣ ва пешгирӣ аз зиёдаравию исрофкорӣ даъват намуданд
МОДАР АВВАЛИН МУРАББИИ БАШАРИЯТ АСТ. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи Зан-Модар
БО ДУОИ ТУ ДАР ИН ДУНЁ САОДАТ ЁФТАМ! Эҳдо ба Рӯзи Модар
Президенти Тоҷикистон орзу намуданд, ки ягон модар доғи фарзанд набинад ва ашки ғам нарезад
СИРИШТИ МОДАРОН АЗ МЕҲРУБОНӢ АСТ. Фармудаҳои бузургон дар ситоиши ин олиҳаи зиндагӣ
СИЁСАТИ МОДАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Профессор Махфират Хидирзода: «Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Имрӯз занону духтарон дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат саҳми арзишманд мегузоранд»